Дар бораи вазорат

Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Вазорат) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, оид ба таҳияи сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи комплекси сўзишворию энергетикӣ, захираҳои табиӣ, аз ҷумла манбаъҳои барқароршавандаи энергия, танзими саноат, саноати мудофиавӣ, техника ва технология, саноати маводи сохтмон, хўрокворӣ ва коркарди фаъолиятро анҷом медиҳад.

Вазорат роҳбарӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия, Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика, ки таҳти тобеияташ қарор дорад, корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Вазорат, анҷом медиҳад.

Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастури амал қарор медиҳад.

Вазорат фаьолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

Тақвими нашриёт

Mon
Tue
Wed
Thu
Fri
Sat
Sun
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
March 2017
 
Видеоҳо
  Саволу ҷавобҳо   Санаҳои таърихӣ   Феҳрасти маҳсулот