Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон

Суроға: 735140, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Қӯрғонтеппа, кӯчаи Б.Ғафуров 27.

Тел(Факс): 8322222634; Почтаи электронӣ: nazarov – h2013@mail.ru.

Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006 ҳамчун муассисаи давлатии таълимии олӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар тобеиати Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон) таъсис дода шудааст.

Типи донишгоҳ: давлатӣ

Тайёр кардани мутахассисон: аз рӯи буҷети давлатӣ ва шартнома амалӣ мешавад.

Ҳайати муҳассилин: Зиёда аз 1600 нафар донишҷӯён.

Мӯҳлатҳои таҳсил: 1) дараҷаи бакалавр (4 сол); 2) дараҷаи мутахассис (5 сол).

Ба хатмкардагон ҳуҷҷатҳои зерин дода мешаванд: 1) Дипломи бакалаври илм; 2) Дипломи мутахассис.

Соли таҳсил: ду семестр – тирамоҳӣ ва баҳорӣ, ки моҳҳои сентябр ва феврал оғоз меёбанд.

Забонҳои таҳсил: тоҷикӣ.

Донишкада мактаби олии техникии соҳавӣ мебошад, ки тайёр кардани мутахассисони соҳаи энергетика дар он мувофиқи Стандартҳои давлатии таҳсилотии олии касбӣ амалӣ карда мешавад.

Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон фаъолияти таълимиро дар соҳаи таҳсилоти касбӣ тибқи иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами АУ №0001402 аз 10.01.2014 пеш бурда истодааст.

Солҳои 2006 – 2013 вазифаи ректори ДЭТ-ро номзади илмҳои техникӣ Ҷалилов Рустам Абдуҳамидович ба ӯҳда дошт.

Аз 06 декабри соли 2013 вазифаи ректори ДЭТ-ро номзади илмҳои техникӣ Назаров Хайрулло Холназарович ба ӯҳда дорад.

Тибқи сохтори аз тарафи Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, раванди таълим дар Донишкада дар факултаҳои «Электроэнергетикӣ» ва «Электромеханика, иқтисод ва сохтмон» ва 7 кафедра (кафедраҳои «Фанҳои гуманитарӣ», «Фанҳои риезӣ-табиӣ», «Сохтмони гидротехникӣ ва фанҳои умумитехникӣ», «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот», «Автоматонии ҳаракатоварҳои барқӣ» «Нерӯгоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ» ва Таъминоти барқ ва ҳифзи релеӣ) ташкил карда шудааст.

Донишкада аз рӯи иҳтисосҳои зерин мутахассисонро дар шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона тайёр менамояд:

1-430101- Нерӯгоҳҳои барқӣ

1-430102- Низом ва шабакаҳои энергетики барқӣ

1-430103- Таъмини барқ (аз рӯи соҳаҳо)

1-430105-05- Манбаъҳои барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия

1-430107- Истифодабарии техникии таҷҳизоти барқии муассиса

1-530104-03- Автоматонӣ ва ҳифзи релеи дастгоҳҳои барқӣ

1-530104-05- Воситаҳои техникии назорат ва ҳисоби истифодаи энергия

1-530105- Автоматонии ҳаракатоварҳои барқӣ

1-700401-01- Сохтмони гидротехникӣ

1-700401-03- Сохтмон ва истифодабарии нерӯгоҳҳои обию барқӣ

1-270101-10 - Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (энергетика)

Донишҷӯёни курси якум ва донишҷӯёни ихтисоси 1-270101-10- Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (энергетика) бо низоми кредитии таҳсил тайёр намудани бакалавр ба роҳ монда шудааст.

         Раванди таълим дар Донишкада аз тарафи 76 нафар омӯзгорон - 54 нафар омӯзгори штатӣ ва 12 нафар ҳамкор аз он ҷумла 10 нафар номзадони илм ба роҳ монда шуда истодааст.

 

Машғулиятҳо дар 40 – синфхона, 24 озмоишгоҳҳо ва 5 синфхонаи компютерӣ, ки дар 3 бинои таълимӣ ҷойгир гаштаанд, ба роҳ монда шудааст. Як синфхонаи компютерии бо қувваи барқ аз ҳисоби коллекторони офтобӣ (энергияи офтоб) таъмин карда мешавад.

 Синфхонаҳои компютерии ба шабакаи Internet васл карда шуда дастрас намудани иттилооти навтарини илмию таълимӣ ба устодон ва донишҷуён мусоидат менамоянд.

Дар Донишкада барои бо таҷҳизоту асбобҳои замонавӣ муҷаҳҳаз намудани озмоишгоҳҳо кори зиёд ба анҷом расонида мешавад. Танҳо дар соли 4 соли охир 24 озмоишгоҳи Донишкада бо 46 маҷмуъ таҷхизоти лаборатории замонавии муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

Олимони донишкада тадқиқоти илмии хусусияти фундаменталӣ ва амалӣ доштаро мегузаронанд, ки дар онҳо талаботи соҳаҳои гуногуни истеҳсолот ва энергетика ба назар гирифта мешаванд. Дар 8 соли фаъолияти Донишкадаи энергетикии Точикистон 5 нафар олимони Донишкадаи рисолаҳои номзадиашонро бомуваффақият ҳимоя намуданд. Аз тарафи олимони Донишкада дар конференсияхои байналхалқӣ, чумхуриявӣ тезису маколахои илмӣ чоп карда шуда, 20 дастури методӣ аз чоп бароварда шуд.

Соли 2010 декани факултаи «Электроэнергетикӣ» Назаров Хайрулло Холназарович бо Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ байни олимони ҷавон сарфароз гардонида шуд.

Ҳоло устодони Донишкада дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ, Донишгоҳи Давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Н. Хусрав, Донишкадаи технологии Тоҷикистон, Пажуишгоҳи кимиёи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажуишгоҳи об ва проблемаҳои гидроэнергетикӣ корҳои илмии худро давом дода истодаанд.

Донишкада дорои китобхона, укитобхонаи электронӣ, хобгоҳ барои донишҷӯён, майдончаю зали варзишӣ мебошад.

Донишкада бо корҳонаҳои саноатии сохтори Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди НОБ-ҳои Норак,Бойғозӣ, Сарбанд, Сангтуда 1, ҶСШК – « Трансформатор », корхонаи муштараки « Тоҷиказот», шабакаҳои барқии шаҳру ноҳияҳо ҳамкорӣ дошта, дар асоси шартномаҳои тарафайн базаҳои истеҳсолӣ ва озмоишгоҳҳои онҳоро барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷуён истифода мебарад.

 Донишкада барои дар сатҳи баланд тайёр намудани мутахассисон, ҳамкориро дар асоси шартномаҳои тарафайн бо як қатор муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар, ба монанди Донишкадаи энергетикии Москва (Донишгоҳи техникӣ), Донишгоҳи давлатии политехникии Санкт-Петербург, Донишгоҳи давлатии сохтмонии Москва, Донишкадаи политехникии Харков, Донишгоҳи давлатии сохтмонии Москва, Донишгоҳи давлатии техникии Қирғизистон ба номи И. Раззаков, Донишгоҳи давлатии Петрозаводск ҳамкориҳоро вобаста ба табодули донишҷӯён, устодон, китобҳо ва адабиётҳои таълимӣ-методӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба роҳ мондааст.

Тақвими нашриёт

Mon
Tue
Wed
Thu
Fri
Sat
Sun
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
March 2017
 
Видеоҳо
  Саволу ҷавобҳо   Санаҳои таърихӣ   Феҳрасти маҳсулот