Гидроэнергетика

Энергетика  соҳаи муҳимтарин, соҳаи базавии саноат ва иҷтимоиёт, умуман тамоми хоҷагии халқ ба шумор рафта, танҳо зимни рушду тараққиёти он метавон ба пешрафти ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ ноил гардид. Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги нерӯи барқи обӣ дар та¬моми олам машҳур аст ва ҳануз аз марҳилаҳои аввали даврони Шӯравӣ аз худ кардани ин захираҳо шурӯъ шуда буд.

Мавҷудияти захираҳои азими энергетики дар кишва¬ри мо аз солҳои 20-30-и асри гузашта мавриди омузишу тадқиқот қаpop гирифта буд. Ва аз ҳамои вақт сохтмони Нерӯгоҳҳои барқи обӣ (НБО) огоз ёфтанд ва тули солҳои аҳди Иттҳоди Шуравӣ Тоҷикистон дар қаламрави СССР ба яке аз кишварҳои аз ҷиҳати истеҳсоли  нерӯи барқ  мутарақӣ  табдил ёфт. Овардани ҳамин факт кофист, ки дар давоми бист соли баьди Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз соли 1948 то 1968, агар истеҳсоли барқ дар миқёси олам 6 баробар ва дар Иттҳоди Шуравӣ 12 баробар афзоиш ёфта бошад, дар кишвари мо дар ин муддат 22 баробар зиёд барқ, истеҳсол мешуд. Агар соли 1959 дар РСС Тоҷикистон 1 млрд кВт.соат неруи барқ истеҳсол карда шуда бошад, дар соли 1968 ин рақам ба 2,5 млрд кВт.соат баробар шуд. Сохтмони силсиланерӯгоҳҳои Варзобу Вахш, нерӯгоҳи барқи обии Кайроққум, нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Бадахшон аз ҷумлаи онҳоянд. Ба истифода додани  НБО-и бузургтарини  минтақа - НБО-и Норак, ки аз ҷиҳати сохт ва иқтидор як бозёфти нодири инженериву гидроэнергетики дар олам ба шумор меравад, бартарӣ ва афзалияти истифодаи обро ҳамчун манбаи неруи барқ амиқу возеҳ исбот сохт.

Аз нимаи дуввуми солҳои 70-уми асри гузашта дар Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳои Роғун ва Сангтуда оғоз ёфта буданд, ки онҳо махсусан НБО-и Роғун, мебоист Тоҷикистонро аз ҷиҳати истеҳсол ва содироти нерӯи барқ дар Системам ягонаи энергетикии СССР ба яке аз ҷойҳои аввал мебаровард ва ба иқтисодиёти он таъсири бебаҳо мерасонд. Бо пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ  Системаи ягонаи энергетики низ барҳам хурд ва сохтмонҳои ин ду Нерӯгоҳҳои барқи обии қаламрави мо нотамом монданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рушду нумӯи соҳаи энергетика, махсусан барқи обиро яке аз рукнҳои асосии тараққиёти иқтисодиёт мешуморад. «Таҳкурсии асоситарини иқтидори  иқтисодии ҳар давлат рушди соҳаи энергетика мебошад»-таъкид карда буд Президент дар шаҳри Роғун ҳангоми суханронӣ дар расми тантанавии оғози нави ин сохтмон.   

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика эътибори калон дода, бо истифода аз обрӯву нуфузи рӯзафзуни сиёсй бобати эҳёи сохтмонҳои нотамоми гидроэнергетики, таҳияи сохтмонҳои нав, таҷдиду модернизатсияи иқтидорҳои мавҷуда ба таъмини мустақилияти энргетикии кишвар ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Зимни таҳияи ин рисола мо дар поён дар бораи Нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон маълумоти мухтасаре медиҳем.

Тақвими нашриёт

Mon
Tue
Wed
Thu
Fri
Sat
Sun
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
March 2017
 
Видеоҳо
  Саволу ҷавобҳо   Санаҳои таърихӣ   Феҳрасти маҳсулот