Муассисаи давлатии «ТоҷикНИИГиМ»

Муассисаи давлатии «ТоҷикНИИГиМ» қабл аз ин мувофиқи фармони Вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби собиқ ИҶШС аз 30 марти соли 1978 № 167 ҳамчун филиали Тоҷикистонии Пажуҳишгоҳи Умумииттифоқи илмию-тадқиқотии гидротехника ва мелиоратсия ба номи А.Н.Костяков ташкил ёфта, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 1994 № 72 бо мақсади мувофиқ намудани қувваҳои истеҳсолӣ бо иқтидори табии захиравӣ, таъмини ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳаҳои моддию истеҳсолӣ, беҳтаргардонии иқтисод ва таъмини тарақиёти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар қиёси ҳалли масъалаҳои ҳавзаи баҳри Арал, таъсиси дода шудааст, инчунин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2009 таҳти № 415 таъсиси дода шудааст.

Ба Муассиаи давлатии ТоҷикНИИГиМ чунин идораҳои зертобеъ дохил мешавад:
• Маркази илмӣ – истеҳсолии Ҳисор, ноҳияи Рӯдакӣ қишлоқи Гиждалабод.
• Маҳалли такягоҳи Суғд, шаҳри Б.Ғафуров кӯчаи Мусобеков 20.
• Маркази  муҳандисии Қурғонтеппа, шаҳри Қурғонтеппа, кӯчаи 1 май-3.
• Полигони (майдони) – илмӣ – истеҳсолӣ Колхозобод, ноҳияи Колхозобод, шаҳраки Исоев, кӯчаи К. Маркс 40/4.

Муассиса кори худро дар асоси лоиҳа ва нақшаҳои аз тарафи Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ тасдиқшаванда ба анҷом мерасонад. Муассиса дар суроғаи зерин ҷойгир шудааст: Ҷумҳурии Тоҷикистон 734064, ш. Душанбе, кӯчаи Шамсӣ 5/1.

Вазифаҳои Муассиса инҳо мебошанд:
• Бо дар назардошти манфиати миллӣ ва соҳаи иқтисодиёти Тоҷикистон кор карда баровардани сиёсати хоҷагии об, иштирок намудан дар нақшаҳои байнидавлатӣ оид ба истифодабарии захираҳои об дар ҳавзаҳои баҳри Арал;
• Иҷрои корҳо доир ба ҷиҳати тартиб додани нақшаи ягонаи илмию техникӣ истифодаи сарфакоронаи захираҳои об ва ҳаллли масъалаҳои экологӣ дар соҳаи мелиоратсияи замин;
• Коркард ва амалӣ гардонидани масъалаҳои беҳтар намудани ҷараёни ташаккули эҷодӣ ва воситаҳои нави техникӣ доир ба ченаку баҳисобгирии об;
• Иштирок кардан дар корҳои илмию методӣ оид ба ташкили сохти идораи автоматикунонидани иншоотҳои системаҳои обёрӣ;
• Коркарда баромадани методҳои иқтисодӣ доир бо хоҷагии об ва ҳифзи он;
• Коркарда баромадани системаи базаи ягонаи ахборотӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об, мониторинги захираҳои об ва заминҳои обёришавандаю ҳамшафақӣ онҳо;
• Инкишофи алоқаҳои илми-техникӣ корпоративӣ барои ҷори намудани технологияҳои сарфкунандаи об ва воситаҳои техникие, ки беҳбудии техники шабакаҳои обёрӣ ва истифодаи онҳоро таъмин менамояд;
• Кор карда баромадани кадастри давлатии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чоп намудани маълумотҳо бар он;
• Тайёр намудани тавсияҳо инструксияҳо ва китобҳо барои таъмин кардани ташкилотҳои хоҷагии оби ҷумҳурӣ бо маълумоти вобаста ба пешрафти илмию-техникӣ ва таҷрибаи пешқадам дар заминҳои обёришаванда;
• Таҳия ва тадбиқи барномаҳои миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлат дар истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои обӣ ва рушди мелиоратсияи заминҳо;
• Мусоидат дар ҷалб намудани инвеститсияҳо бо мақсади аз навсозӣ ва ҷорӣ намудани техналогияи нав;
• Ҳамоҳангсозии фаъолияти худ ба дигар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатӣ, инчунин дигар ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият оид ба масъалаҳои истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои обӣ, гузаронидани мелиоратсияи замин ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа;
• Иҷро намудани корҳои илмӣ-лоиҳаявӣ ва ихтироъкору коркарда баромадани ҳуҷҷатҳои меъёрии истифодаи самараноки захираҳои об дар сатҳи миллӣ ва байнидавлатӣ бо дарназардошти ҳифзи манфияти тарақиёти хоҷагии об дар доираи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
 

Тақвими нашриёт

Mon
Tue
Wed
Thu
Fri
Sat
Sun
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
March 2017
 
Видеоҳо
  Саволу ҷавобҳо   Санаҳои таърихӣ   Феҳрасти маҳсулот