Муассисаҳои илмию тадқиқотӣ

Ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз дар ибтидои истиқлолияти кишвар афзалиятан ба комилан навсозии истеҳсолоти саноатӣ бо назардошти хусусиятҳои марҳилаи кунунии рушди мамлакат нигаронида шуда буданд. Нутқи дар ин давра баённамудаи Сарвари давлат ҷиҳати он, ки «Дар шароити имрўза фишанги асосӣ ва муҳимтарини рушди иқтисодиёт пеш аз ҳама саноат мебошад», нуқтаи асосии сафарбаркунандаи масъулини соҳа ба роҳи мустаъқилонаи пешбурди соҳаҳои саноат гардид, зеро, ки таърихан саноати Тоҷикистон дар доираи тақсимоти меҳнат дар таркиби маҷмўи ягонаи хоҷагии халқи собиқ Иттиҳоди Шўравӣ тавлид ва инкишоф ёфта, буд ва фазои муносибатҳои иқтисодӣ, истеҳсолӣ ва техникии байни ҷумҳуриҳо амалан аз байн рафта буд. Дар баробари ин корхонаю муассисаҳои комплекси энергетикӣ ва саноатии Тоҷикистон ҳанўз солҳои 1991-1992 ба фарсудашавии пурраи фондҳои асосӣ гирифтор шуданд ва вазъияти баамаломада комилан навсозии инфрасохтори саноат, такмили технология, барқарорсозии иқтидорҳои ғайрифаъол, ба истеҳсолот ворид намудани захираҳои арзони ашёи хоми дохилӣ ва ба вуҷуд овардани истеҳсолоти саноатии ҷавобгў ба рақобати бозори ҷаҳониро тақозо мекард. Иҷрои амалии ин талаботҳо танҳо бо роҳи воридоти технологияи нави истеҳсолот аз хориҷи мамлакат, ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти илмиву тадқиқотии академиявию соҳавии ватанӣ имконпазир гардид. Вобаста ба тадбирҳои андешидаистода таъсиси истеҳсолоти нав, барқарорсозии иқтидорҳо ва муҷаҳазгардонии техникии корхонаҳо аз соли 2000 суръати нав пайдо карда, дар соҳаҳои мошинсозӣ, коркарди металл, электротехника ва химия дар баробари барқарорсозии иқтидорҳо истеҳсоли маҳсулоти нав аз қабили ҷамъу васли тракторҳои тамғаи «Тоҷирон 285 2WD» ва «Тоҷирон 285 4WD» ва дигар мошинолотҳои х/қ, дар КВД «Тоҷиктекстилмаш» коргоҳи ҷамъу васли нерўгоҳҳои хурди барқи обӣ, дар ҶСШК «Трансформатор» истеҳсоли трансформаторҳои иқтидорноки 400, 600, 1000 кВт, истеҳсоли профилҳои металлӣ ва арматураҳои сохтмонӣ аз партови металлҳои сиёҳ, дар заминаи ҶСШК «Чароғ» ва «Ширкати «Сомон» хати истеҳсоли чароғҳои каммасраф, дар ҶММ КМ «Само» ҷамъу васли панелҳо ва коллекторҳои офтобӣ, дар ҶММ «Салоса» хати технологии истеҳсоли сурма ва симоби металлӣ, дар ҶММ «Фон Яғноб» ш. Душанбе истеҳсолоти «биоэтанол» (моддаи тақвиятдиҳандаи дараҷаи октаннокии бензин) ва дар ҶММ «Тамеко» истеҳсолоти ферромолибден гузошта шуданд. Дар соҳаи саноати сабук зиёда аз 60% корхонаҳои коркарди нахи пахта, нассоҷӣ, дўзандагӣ ва коркарди пўсту пашм ба технологияи нав гузаронида шуданд. Корхонаҳои саноати маводи сохтмон технологияњои нави истеҳсоли семент, хиштбарорӣ, қуму шағал, тахтасангҳои мармарӣ, гаҷ, оҳак, аглопорит, керамзит, семблок, шифер, қубурҳои асбестӣ, ва ғайраҳоро ворид ва дар истеҳсолот ҷорӣ карданд. Дар соҳаи саноати хўрокворӣ брошад бештар аз 60 намуди нави маҳсулоти хўрокӣ бо воридсозии технологияи муосир мавриди фаъолияти истеҳсолӣ қарор ёфт. Дар системаи вазорат ва корхонаю муассисаҳои он дар давраи Истиқлолияти мамлакат теъдоди муайяни муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, сохторҳои лоиҳакашӣ, конструкторӣ ва марказу бахшҳои истеҳсолию озмоишӣ таъсис ёфтанд, ки онҳо ба тадқиқ ва омўзиши захираҳои ашёи хоми табиӣ, ба истеҳсоли маҳсулоти нав мувофиқ гардонидани таҷҳизоти дар корхонаҳо вуҷуддошта, такмили таҷҳизоти истеҳсолӣ ва мусоид будани он ба сарфаи ашёи хом ва захираҳои энергетикӣ сафарбар гардидаанд. Аз ҷумлаи онҳо Муассисаи давлатӣ пажўҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии «Ғизо» ва Муассисаи давлатӣ пажўҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии саноат мебошанд.

Муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии системаи вазорат

Пажўҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии «Ғизо» бо қарори Кабинети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 44 аз 21 феврали соли 1992 ба ҳайати Кумитаи давлатии Хўроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 605 аз 28 декабри соли 2006 ба системаи Вазорати энергетика ва саноат Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шудааст. Имрўз дар пажўҳишгоҳ 27 кормандони илмӣ ва техникӣ фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 4 нафарашон докторҳои илм ва 7 нафарашон номзади илм мебошанд. Айни замон пажўҳишгоҳ дорои 4 озмоишгоҳҳои махсусгардонидашудаи зерин мебошад:

- озмоишгоҳи ғизои рузмарра ва технологияи коркарди маводҳои табобатию пешгирикунандаи бемориҳои ғизоӣ

- озмоишгоҳи пайвастагиҳои фаъоли кимиёвию табии;

- озмоишгоҳи миллӣ оиди бехатарии ғизо ва маҳсулоти ғизоӣ

- озмоишгоҳи мубодилаи моддаҳо, иммунология ва фармакология.

Аз соли 2000-ум то имрўз коллективи кормандони пажўҳишгоҳ ба омузиши ғизои рузмарраи аҳолии ҷумҳурӣ оғоз бахшида дар 18 ноҳияи вилояти Хатлон, 11 ноҳияи вилояти Суғд, 6 ноҳияи вилояти Бадахшон ва 12 ноҳияи водиҳои Рашту, Ҳисор, Донишгоҳи славянию-тоҷикии ш. Душанбе, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, хона-интернатҳои маъюбон ва пиронсолони Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактаб-интернатҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра тадқиқот ба анҷом расонидаанд. Дар асоси татқиқотҳои бадастомада барои маъюбон ва пиронсолон, хонандагони мактаб-интернатҳо, сарбозон ва ғайра ратсионҳои ғизо ва тавсияномаҳои методӣ тартиб дода шудааст. Аз тарафи олимони пажўҳишгоҳ бо истифодаи рустаниҳои шифоӣ як чанд намуди нўшобаҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза (Шоҳона, Нози Гул, Чаманд), Марҳамҳои «Роҳи Абрешим», «Авҷи Зуҳал», «Марҳами Сомони», Биойод, «Идеал-7», доруҳои «Малхами гераноил» барои муъолиҳаи бемориҳои гинекологи, малҳамҳои «Лимонол», «гераноретинол» ҳамчун маводи зиддиилтиҳоби, Селекартен, маводи фаъоли зиддиоксиданти, дар асоси камоли бадбуй доруҳои Ферусино, Ферусино- G ва Ферусино-Р, барои муъолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима ва ҷигару талхадон, хусусиятҳои шифоии «карвиол», «липовитол», «холелитол», «ферусинол» ҳамчун маводи ҳепатопротекторӣ ва зидди оксидию зиддиихтилоҷӣ, «Сиропи йоднок» барои пешгирии бемории ҷоғар ва кулчақанди «Ҳаловат» барои пешгирии бемории камхунӣ аз норасоии оҳан тадқиқ гардида, як қисми онҳо дар истеҳсолот ҷорӣ шудаанд. Таҳти роҳбари сарвари пажўҳишгоҳ доктори илми тибб, профессор Ҷаҳон Азонов таи 10 соли охир 1 рисолаи докторӣ ва 7 рисолаи номзадӣ химоя карда шуда, 1 рисолаи докторӣ ва 4 рисолаи номзадӣ мавриди тадқиқот қарор доранд. Аз тарафи олимони пажўҳишгоҳ 11 китобу монографияҳо («Давои ҳазору як дард», «Сад гиёҳи шифобахш», «Рустаниҳои шифоӣ», «Бессмерия», «Хусусияти шифоии шираи меваю сабзавот», «Истеъмоли оқилона ва самарабахши ғизо», «Рустаниҳои шифоӣ ва ғизоӣ», «Витаминҳо ва унсурҳо»), 10 – шумораи маҳаллаи илмии «Вопросы питания и регуляция гомеостаза», зиёда аз 300 мақолаҳои илмӣ, 200 мақолаҳои публицистӣ ва 10 ихтироот анҷом дода шудааст. Пажўҳишгоҳ бо Академияи ғизои Қазоқистон, Академияи илмҳои Тоҷикистон, Пажўҳишгоҳи гастроэнторологияи АИ Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ЮНИСЭФ, ФАО, Маркази ғизои Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамкориҳои зичи илмӣ дорад. Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии саноат мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.07.98 № 286 таъсис ёфта, то соли 2006 5 мавзўъҳои илмӣ тадқиқотӣ оид ба «Ошкорсозии қонуни тақсимоти радионуклидҳои бисьёркомпонентии обьектҳои истеҳсолӣ дар корхонаи «Тоҷиккимиёсаноат», «Намаксангҳои Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ - маводи асосӣ барои саноати кимиё» ва «Конҳои ангишти водии Зарафшон ва мавқеи онҳо дар ташаккули ноҳияҳои саноатии Тоҷикистони марказӣ», «Технологияи коркард ва истеҳсоли маводи чинӣ дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ дар корхонаи чинибарории ш. Турсунзода» ва «Коркард ва мўътадилгардонии баъзе равандҳои технологӣ дар ҶСШК «Тоҷикхимпром» ш. Ёвон ва аз нав коркарди партовҳои саноатӣ» ро ба анҷом расонид. Давоми солҳои 2007 - 2011 таҳти мавзўи умумии «Таҳқиқ ва таҳияи технологияи истифодабарии саноатии канданиҳои фоиданоки табиии Тоҷикистон» (намаксанг, ангиштсанг, маъданҳои фосфордор ва алюминийдор, маводи ба оташтобовар) бо мақсади коркарди технология ва азхудкунии комлексии саноатӣ ва дар амал татбиӣ намудани он мавриди тадқиқот қарор дорад, ки ба қонеъгардонии соҳаҳои саноат аз ашёи хоми маҳаллӣ нигаронида шудааст. Дар Муасисаи илмӣ- тадқиқотии саноат аз ҷумлаи мавзуъҳои дар боло зикршуда «Технологияи бойгардонии маъдани фосфорити кони Қаротоғ барои истеҳсоли орди фосфоритӣ», ки ҳамчун нурии минералҳ ва инчунин ашёи хом барои истеҳсоли нуриҳои минералии аммофос ва суперфосфат истифода мешавад, дар шароити лабораторӣ ба даст оварда шуда, барои ба истеҳсолоти озмоишии миёна гузаронидан тайёр шудааст. Аҳамияти ин технология аз он иборат аст,ки бо татбиқи он эҳтиёҷоти соҳаи кишоварзии мамлакат бо нуриҳои фосфории арзон таъмин гардида, воридоти он аз хориҷи мамлакат бо нархи гарон метавонад маҳдуд гардад. Бо гилхоки ватанӣ (глинозём) таъмин намудани истеҳсолоти алюминий яке аз мавзўъҳои аввалиндараҷаи илмӣ дар пажўҳишгоҳ ба шумор меравад. Корҳои тадқиқотии якҷоя бо экспедисияи геологиву иктишофии Помир гузаронидаи пажўҳишгоҳ оид ба дарёфти гилхок аз ашёи хоми алюминийдори кони Курговад (Помири Ғарбӣ) аз тарафи АОО «Азералюминиум» (Ҷумҳурии Озарбойҷон) бо баҳои мусбӣ тасдиқ гардиданд. Кормандони илмии Пажўҳишгоҳ аз ибтидои фаъолияти он то ҳол бештар аз 40 корҳои илмӣ интишор намуда, як рисолаи номзади илм ба ҳимоя расониданд. Феълан тадқиқотҳо барои ҳимояи 1 рисолаи докторӣ ва 1 номзади илм идома доранд.

Тақвими нашриёт

Mon
Tue
Wed
Thu
Fri
Sat
Sun
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
March 2017
 
Видеоҳо
  Саволу ҷавобҳо   Санаҳои таърихӣ   Феҳрасти маҳсулот