Нерӯгоҳи барқӣ обии Қайроққум

Дарёи Сир аз ҳамроҳшавии дарёҳои Норин ва Қарадарё ташкил ёфта, дар соҳилҳои он дар кишвари мо, Узбекистон ва Кирғизистон 12 нерӯгоҳҳои барқи обӣ бунёд ёфтаанд. НБО-и Қайроққум «Дӯстии халқҳо», ки соли 1957, бо иқтидори 126 ҳазор кВт, ба истифодабарӣ дода шудааст, бо азхудкунии самараноки захираҳои гидроэнергетикии дарёҳои Осиёи Марказӣ ибтидо гузошт. Ин нерӯгоҳ барои элетрикунонии ноҳияҳои шимоли мамлакат аҳамияти махсус дошт.

НБО-и Қайроққум, ки аз НБО ва обанбор иборат аст, маҷрои дарёро ба тариқи мавсимӣ ба танзим дароварда, барои конеъ намудани эҳтиёҷот ҳам ба нерӯи барқ ва ҳам ба об хидмат менамояд.

Ин нерӯгох дорои 6 гидроагрегат аст, ки иқтидори ҳар кадомаш 21 ҳазор кВт мебошад.

Агрегатҳо аз рӯи ин тартиб ба кор огоз кардаанд:

Соли 1956 - ду агрегат

Соли 1957 - чор агрегат

Турбинаҳои обии намуди ПЛ - 495 - ВБ - 500 дар заводи турбинаҳои обии Сызран истеҳсол гардидаанд. Иқтидори турбинаҳо - 21 МВТ, фишори муҳосибавиашон 15 м, масрафи ҳисобшудаи об - 177 м3/сония, доираи чархи кориашон - 4,995 м буда, дар як дақиқа 125 бор давр мезананд.

Генераторҳои обии намуди ВГС - 700/100 - 48 истеҳсоли заводи «Уралэлектротяжмаш»-и шаҳри Уралск ҳастанд.

Иқтидори генератор 26,3 MBA (21 МВт) аст. Шиддати генератор 10,5 кВ буда, дар як дақиқа 125 маротиба давр мезанад.

Трансформатори қудратӣ: ду гурӯҳи ҳар кадомашон аз се якфазагии секалобадори иқтидорашон 30 MBA ва шиддаташон 10/110/220 кВ иборат аст.

Ҳаҷми обанбори НБО - Қайроққум: дарозиаш қариб 55 км; васеъгиаш аз 8 то 20 км (таъғирёбанда) масоҳати сатҳи оби обанбор - 513 км2; ҳаҷми умуми аз рӯи ҳисоби батиметрии соли 2009 гузаронида - 3131 млн. м3; ҳаҷми фоиданоки он- 2390 млн.м3; сатҳи аз ҳама зиёди оби он - 347,5 м.

НБО-и Қайроқкум бо шабакаҳои барқи бо се ХИБ-и 220 кВ ва панҷ ХИБ-и 110 кВ пайваст аст.

Директори нерӯгох Авезов Файзулло Ҳабибович ва сармухандис Маҳмадҷонов Суҳроб Исмоилович мебошанд.

 

Истеҳсоли нерӯи барқ дар НБО

Сол

Истеҳ- соли э/э, млн. кВт.с

Сол

Истеҳ- соли э/э, млн. кВт.с

Сол

Истеҳ- соли э/э, млн. кВт.с

Сол

Истеҳ- соли э/э, млн. кВт.с

1957

180,9

1971

688,2

1985

453,9

1999

764,3

1958

453,4

1972

635,3

1986

373,5

2000

659,5

1959

689,1

1973

676,0

1987

448,4

2001

629,0

1960

727,7

1974

296,1

1988

808,8

2002

683,4

1961

416,8

1975

243,8

1989

556,2

2003

836,4

1962

362,6

1976

333,6

1990

579,6

2004

791,3

1963

527,8

1977

277,3

1991

640,0

2005

624,8

1964

681,4

1978

315,3

1992

691,5

2006

646,0

1965

364,9

1979

441,2

1993

728,5

2007

646,6

1966

725,8

1980

528,0

1994

805,2

2008

487,7

1967

580,9

1981

585,4

1995

575,9

2009

521,8

1968

625,7

1982

554,3

1996

736,4

2010

898,7-max

1969

855,2

1983

478,2

1997

632,2

2011

712,9

1970

798,5

1984

445,1

1998

743,4

2012

695,1

                             

Дар нерӯгоҳ то 1 январи соли 2013-ум сол 32,86 мил­лиард кВт.соат нерӯи барқ истеҳсол карда шудаст.

Тақвими нашриёт

Mon
Tue
Wed
Thu
Fri
Sat
Sun
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
March 2017
 
Видеоҳо
  Саволу ҷавобҳо   Санаҳои таърихӣ   Феҳрасти маҳсулот