Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»

Маҷмааи гидроэнергетики «Роғун» иншооти бузургтарини барқии дарёи Вахш ба шумор рафта, танзими бисёрсолаи маҷрои дарёро амалӣ месозад. Нерӯгоҳи «Роғун» на танҳо истеҳсоли солонаи барқро афзун менамояд, бал¬ки, аз ҳама муҳимаш, имконият фароҳам меорад, ки аз рӯи реҷаи воҷиб амал намуда, дар фаслҳои сард, дар давраи норасоии нерӯ, ба қадри даркори барқ истеҳсол намояд. Ин на танҳо барои Тоҷикистон балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳамсояи мо аз Осиёи Ҷанубӣ манфиатбахш аст.

Барномаи сохтмон зина ба зина ба истифода додани иншоот ва дар марҳилаи сохтмон аз ҳисоби ба истифода додани агрегатҳои аввал истеҳсоли нерӯи барқро дар назар дорад. Дар марҳилаи аввал маблағгузории комплекси бакорандози дар фишори пасти сатҳи 160-170 метр бо тавоноии 1200 МВТ, истеҳсоли солонаи 4,5 миллиард кВт.соат, тақрибан 600 миллион доллари ИМА-ро таш- кил медиҳад. Минбаъд маблағи ин нерӯи истеҳсолшударо метавон ҳамчун як қисми сарчашмаи маблағгузори исти¬фода бурд.

Дар айни замон НБО-и Роғун сохтмони умумихалкӣ эълон шудааст ва дар онҳо корҳои барқарорсози ва таёри ба оғози сохтмон бо суръат идома доранд.

Хотиррасон менамоем, ки иқтидори лоиҳавии НБО-и Роғун, бо 6 агрегати иқтидори ҳар кадомашон 600 МВТ, ба 3600 МВТ баробар хоҳад буд ва он соле то 13,1 миллиард кВт. соат нерӯи барқ истеҳсол хоҳад намуд.

Тақвими нашриёт

Mon
Tue
Wed
Thu
Fri
Sat
Sun
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
March 2017
 
Видеоҳо
  Саволу ҷавобҳо   Санаҳои таърихӣ   Феҳрасти маҳсулот