Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтуда-1»

Дар тули солҳои истиқлолият Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтуда-1» ҳам аз ҷихати сохту иқтидор ва манфиату аҳамият бешубҳа мавқеи аввалиятро соҳиб аст. Он дар силсилаи Нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Вахш дар мавқеи панҷум буда, хусусияти истеҳсоли танҳо нерӯи барқро дорост.

Сохтмони ин нерӯгох асосан дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ соли 1986, баъди ба истифодабарӣ додани НБО-и Бойғозӣ огоз ёфта буд. Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳ 670 МВт буда, дар он чор агрегати ҳар кадом дорои 167,5 МВт васл гардидааст. Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтуда-1» соле ба ҳисоби миёна 2 миллиарду 733 миллион киловатт, соат қувваи барқ тавлид мекунад.

Ҳукумати тозатаъсиси Тоҷикистон ҳама вакт дар нияти эҳёи ин сохтмони барои хоҷагии халқи кишвар муҳиму зарурӣ буд. Махсусан баъди Сарвари давлат интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон бобати дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани системаи энергетикӣ ва, махсусан идомаи сохтмониҳои нотамоми гидроэнергетикӣ аз ҷумла Сангтуда низ, тадбирҳои амалӣ андешида мешуданд. Кор дар сохтмони Сангтуда аввал бо кувваи худи, ҳарчанд дар ҳаҷми хурд ҳам бошад, oғоз ёфт. Аз ҳама муҳимаш, он чизе, вуҷуд дошт ҳифз шуд, коре, ки то ин дам иҷро гардида буд, идома меёфт.Вале маълум буд, ки барои анҷоми ин гуна сохтмони бузург маблаи калон ва ҳамкориҳои судманд заруранд.

Бо имзои Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсиян Россия сохтмони ин иншоот аз нав эҳё шуд.

Дар рафти ташрифи расмии Президенти Федератсияи Русия В.В.Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 октя¬бри соли 2004 Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи тартиб ва шароитҳои ширкати Федератсияи Русия дар сохтмони Нерӯгоҳи Сангтуда-1 ба имзо расид.

Мувофиқи Созишномахои зикршуда Ҳукумати Феде¬ратсияи Русия ба сохтмони Нерӯгоҳи Сангтуда-1 250 млн. доллари ИМА маблаггузори намуд. Ин амалро Ширка¬ти РАО «ЕЭС - Россия» ба зимма гирифт ва анҷом дод.

Санаи амалӣ шудани ин созшинома ба апрели соли 2005 рост меояд. 15 апрели соли 2005 сарвари РАО «ЕЭС- Россия» А. Б. Чубайс ба Душанбе омад. Онро Прези¬денти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт. Худи ҳамон рӯз А. Б. Чубайс бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Окил Окилов ба Сангтуда сафар намуд ва дар вазъияти тантанавӣ рамзи сохтмон гузошта шуд.

Ҳоло дар нерӯгоҳ 4 агрегата иқтидори ҳар кадомашон 167,5 МВт пайваст гаштааст. Иқтидори умумии нерӯгоҳ 670 МВт мебошад.

20 январи соли 2008 агрегата якум, 1 июли соли 2008 агрегати дуюум, 5 ноябри соли 2008 агрегати сеюм ва 31 июли соли 2009 агрегата чоруми НБО-и «Сангтуда -1» ба истифодабари дода шуд. Ҳаҷми обанбори нерӯ 250 млн. метри мукааб, аз ҷумла ҳаҷми фоиданоки он, 12 млн. метри мукааб мебошад. Дар ин нерӯгох 25% саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75% саҳми Федератсияи Россия мебошад.

НБО-и «Сангтуда-1» соли 2008 - 1123,2 млн., соли 2009 - 1713,9 млн., соли 2010 - 1633,2 млн., соли 2011 - 2169,5 млн. ва соли 2012 - 1879 млн. кВт.соат нерӯи барқ; истеҳсол кардааст. Директори генералии нерӯгоҳ П. Лав¬ров ва директори техникии он Нурулло Ғозиев мебошанд.

Тақвими нашриёт

Mon
Tue
Wed
Thu
Fri
Sat
Sun
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
March 2017
 
Видеоҳо
  Саволу ҷавобҳо   Санаҳои таърихӣ   Феҳрасти маҳсулот