Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтуда-2»

Дар Тоҷикистон бунёд намудани нерӯгоҳи барқи обии «Сангтуда-1 »-ро метавон пурра лоиҳаи даврони истиқлол номид. Вакте дар даврони шуравӣ ба бунёди нерӯгоҳи «Сангтуда-1»-ро огоз намуда буданд, ҳарчанд лоиҳаи «Сангтуда-2» низ вуҷуд дошт, дар он ягон амал иҷро нашуда буд. Вақте бобати тақсими саҳмияҳои «Сангтуда-1» байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Федератсияи Руссия баҳс мерафт, бо иешниҳоди ҷониби Тоҷикистон Ҷумҳурии Исломии Эрон иҷрои ин Лоиҳаро ба зимма гирифт. 12 сентябри соли 2004 Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммад Ҳотами дар бораи амалӣ намудани ин лоиҳа гуфтушунид намуданд. Ҳангоми сафари расмии Прези¬денти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки аз 16 то 19 январи соли 2005 марҳилаи амалишавии ин гуфтушунидҳо оғоз ёфт. Рӯзи 18 январ бо иштироки президентҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар қатори 8 санади муҳими ҳамкорӣ санад дар бораи бунёди нерӯгоҳи барқи обии «Сангтуда-2» ба имзо расид.

Баъди як солу як моҳи имзои созишномаи мазкур, ки дар ин муддат корҳои такмили лоиҳа ва таёри ба оғози сохтмон мегузашт, 20 феврали соли 2006 расми тантанавии оғози сохтмон ва гузоштани рамзи сохтмон баргузор шуд. Дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханрони намуд.

Рӯзи 4 сентябри соли 2011 агрегати якуми нерӯгоҳ ба истифодабари дода шуд.

Дар нерӯгоҳ 2 агрегати иқтидори ҳар кадомашон 110 МВт пайваст мегардад. Иқтидори умумии нерӯгоҳ 220 МВт-ро ташкил хоҳад дод.

Аз силсилаи нерӯгоҳҳои дарёи Вахш дигар лоиҳаи муҳим Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтуда-2» мебошад, ки он дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бунёд ёфта истодааст. Сохтмони он 20 феврали соли 2006 огоз ёфта, чархи аввалаш 4 сентябри соли 2011 ба истифодабари дода шуд. Дар назар аст, ки охири соли 2013 Неругоҳи барқи обии «Сангтуда-2» пурра ба истифодабари дода мешавад.

Тақвими нашриёт

Mon
Tue
Wed
Thu
Fri
Sat
Sun
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
March 2017
 
Видеоҳо
  Саволу ҷавобҳо   Санаҳои таърихӣ   Феҳрасти маҳсулот