Фаъолияти корхонаҳои саноати маъдани кӯҳӣ ва металлҳои қимматбаҳо

Дар доираи нақшаву чорабиниҳои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бунёди корхонаҳои нави соҳавӣ, азнавсозии корхонаҳо, истеҳсоли маҳсулоти нав, дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металлҳои қимматбаҳо дар даҳ моҳи соли ҷорӣ корҳои мушаххас ба сомон расонда шудааст.

Корхонаҳои соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо дар 10 моҳи соли 2013 ба маблағи 889,8 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин 123,7%-и иҷрои нақша, cуръати афзоиш назар ба ҳамин давраи соли 2012 - 117,1%-ро ташкил медиҳад ва нисбат ба соли гузашта 130,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Корхонаҳои соҳа истеҳсоли хокаи сурмаро ба 13574 тонна, хокаи сурбу нуқра 2932 тонна, хокаи сурб 26926,7 тонна ва хокаи руҳ 48220,6 тонна расонданд. Мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 ҳаҷми тилло+220,67 кг, нуқра+17,45 кг, хокаи сурб +7825,5 тонна ва хокаи руҳ+17782,6 тонна зиёд мебошад.

Дар соли 2013 cармояи дохилию хориҷӣ зиёда аз 229,3 млн. Сомонӣ, аз ҷумла ба ҶММ КМ «Зарафшон» 142,8млн. сомонӣ, ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ саноатии Тоҷикистону Чин»-13,4 млн. сомонӣ, ҶДММ «Пакрут»- 15,1млн. сомонӣ, ҶСНК «Такобский ГОК»-5,6млн. сомонӣ ва Артели заршӯи “Одина” 17,0 млн. сомонӣ ворид карда шуд.

Дар ин давра ҳаҷми фурӯши маҳсулот дар корхонаҳои саноати кӯҳӣ 781,7 млн. сомониро ташкил кард.

Дар ин давраи ҳаҷми пардохти андозҳои давлатӣ аз ҷониби корхонаҳои саноати кӯҳӣ зиёда аз 217,2 млн. сомониро ташкил намуд. Корхонаи ҶДММ КМ “Зарафшон 134,3млн. сомонӣ, ҶДММ Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону-Хитой 33,0млн. сомонӣ, ҶДММ КМ “Апрелевка”(14,8млн. сомонӣ), Артели заршуии “Одина”(6,1млн. сомонӣ) ба буҷа пардохт намуд.

Шуъбаи котиботи Вазорати
энергетика ва саноат

Тақвими нашриёт

Mon
Tue
Wed
Thu
Fri
Sat
Sun
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
November 2013
 
Видеоҳо
  Саволу ҷавобҳо   Санаҳои таърихӣ   Феҳрасти маҳсулот