Корҳои сохтмонӣ дар иншооти «Маркази барқу гармидиҳӣ-2»

Тавре иттилоъ дода шуда буд, дар майдончаи сохтмонии «Маркази барқу гармидиҳӣ-2» дар шаҳри Душанбе корҳо идома дошта, теъдоди техникаҳои дар корҳои сохтмонӣ истифодашаванда зиёда аз 150 ададро ташкил медиҳад. То имрӯз дар сохтмони «Маркази барқу гармидиҳӣ-2» 45000 метри мукааб бетон истифода шудааст.

Айни замон сохтмони дегхонаи №1 ва лӯлаи дудбарор бо баландии 120м ва иншооти обсардкунӣ (градирня) бо баландии 90 м пурра ба итмом расидааст.

Бо дархости Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширкати “ТВЕА” корҳои сохтмонии нуқтаи гармитақсимкуниро идома медиҳад.

Аз тарафи мутахассисони Ширкати “ТВЕА” хати интиқоли барқи баландшиддати 220 кВ аз «Маркази барқу гармидиҳӣ-2» то зеристгоҳи “Душанбе-500 кВ” лоиҳакашӣ гардида, сохтмони он босуръат идома дорад.

Бояд зикр кард, ки “Маркази барқу гармидиҳӣ-2” 100 МВт иқтидор дошта, аз ду навбат 50 МВт иборат аст. Барои кори 1 дег дар 1 соат 31 тонна, дар як шабонарӯз 744 тонна ва дар як моҳ 22320 тонна ангишт лозим аст.

Бояд тазаккур дод, ки аз оғози сохтмон то имрӯз дар майдончаи сохтмонии “Маркази барқу гармидиҳӣ-2” дар шаҳри Душанбе, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати энергетика ва саноат мунтазам ситод доир мегардад.

Шуъбаи котиботи Вазорати
Энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвими нашриёт

Mon
Tue
Wed
Thu
Fri
Sat
Sun
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
November 2013
 
Видеоҳо
  Саволу ҷавобҳо   Санаҳои таърихӣ   Феҳрасти маҳсулот