Мулоқот дар вазорат

Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати ширкати «Lafarge» таҳти роҳбарии Директори минтақавии ширкати мазкур ҷаноби Амр Реда, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, вохӯрӣ баргузор гардид.

Тавре қайд гардид айни замон байни ду кишвар Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмию техникӣ мавҷуд буда, маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар ҷаласаҳои он баррасӣ мегардад ва минбаъд ворид кардани масоили ҳамкориҳои дуҷониба оид ба соҳаи семент ба рӯзномаи ҷаласаҳои комиссияи муштарак мувофиқи мақсад арзёбӣ гардид.

Бо мақсади баррасии масоили ҳамкориҳо Роҳбарияти Ширкати «Lafarge» дар доираи ин сафар тасмим гирифтааст, ки инчунин бо роҳбарони корхонаҳои оҳану бетонӣ, заводи «Хуаксин Семент Менеҷмент», корхонаи сементбарории шаҳри Душанбе мулоқот намояд.

Ҷонибҳо аз натиҷаи вохурӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои зикргардида ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.

Шуъбаи котиботи
Вазорати энергетика ва саноат

Тақвими нашриёт

Mon
Tue
Wed
Thu
Fri
Sat
Sun
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
November 2013
 
Видеоҳо
  Саволу ҷавобҳо   Санаҳои таърихӣ   Феҳрасти маҳсулот