Оғози фаъолияти ҶДММ «Хуаксин-Ғаюр-семент»

Имрӯз маросими расмии кушодашавии ҶДММ «Хуаксин-Ғаюр-семент» бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.

ҶДММ «Ғаюр»-и ноҳияи Ёвон бо ширкати хитоии «Хуаксин Сентрал Эйша Инвестмент» ҶДММ «Хуаксин-Ғаюр-семент»-ро таъсис дода, сохтмони заводи сементро дар ноҳияи Ёвон бо маблағи умумии 100 млн. доллари ИМА моҳи сентябри соли 2011 оғоз намуд. Иқтидори солонаи завод 1 млн. тонна сементро дар як сол бо 1000 ҷои корӣ ташкил медиҳад.

Корхона бо 75% сармояи ширкати хитоӣ ва 25% сармояи ҶДММ «Ғаюр» сохта шуда, 80% коргарони маҳаллӣ ба кор фаро гирифта мешаванд. Барои истеҳсоли семент аз кони оҳаксанги «Пусхур» (захирааш 748,3 млн. тонна), гилхоки «Дарагӣ» (3,1 млн. тонна) ва гаҷсанги «Чормағзак» (2,2 млн. тонна) истифода бурда мешавад. Тамғаи сементи истеҳсолшаванда М-400, М-500 мебошад.

Корхона ҳар рӯз ба ҳисоби муайян 2000 тн. клинкер истеҳсол хоҳад кард. Барои фаъолияти мунтазами корхона миқдори зарурии ашёи хом (оҳаксанг, маъдани оҳандор, гаҷсанг) ва сӯзишворӣ (ангишт) захира карда шудааст.

Дар маросими кушодашавии корхона Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ ва дигарон иштирок намуданд.

Шуъбаи котиботи Вазорати энергетика
ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвими нашриёт

Mon
Tue
Wed
Thu
Fri
Sat
Sun
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
November 2013
 
Видеоҳо
  Саволу ҷавобҳо   Санаҳои таърихӣ   Феҳрасти маҳсулот