Созишнома ба имзо расид

Бегоҳирузии 18 ноябр дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо роҳбарияти ширкати «ЭДГО ЭНЕРЖИ СА»» баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи нафту газ, корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ ва пармакуниро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо аз натиҷаи вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои зикргардида ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.

Дар анҷоми вохӯрӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №437 аз 04 октябри соли 2013 «Созишнома оид ба тақсими маҳсулот байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «ЭДГО ЭНЕРЖИ СА»» аз тарафи Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ ва роҳбарияти ширкати ЭДГО ЭНЕРЖИ СА» ба имзо расонида шуд.

Санади мазкур ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои иктишофию ҷустуҷӯӣ ва истихроҷи нафту газ дар ҷумҳурӣ бахусус дар майдонҳои Сурхсимо ва Қарордон (вилояти Хатлон) мусоидат хоҳад кард.

Тақвими нашриёт

Mon
Tue
Wed
Thu
Fri
Sat
Sun
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
November 2013
 
Видеоҳо
  Саволу ҷавобҳо   Санаҳои таърихӣ   Феҳрасти маҳсулот