Захираи ангишт дар корхонаву иншоотҳо

Дар ҷамъбасти 10-моҳаи соли ҷорӣ аз тарафи корхонаҳои соҳаи ангишт ба миқдори 432,3 ҳаз. тн. ангишт истихроҷ карда шуд, ки ин аз нақша 218 ҳаз. тн. ё 201,8 фоиз ва нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 60,8 ҳаз. тн. зиёд буда, суръати афзоиш 116,4 фоиз таъмин гардид. Аз ангишти истихроҷгардида ба миқдори 378 ҳаз. тоннааш ба фурӯш бароварда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида -7475 тн. кам мебошад.

Қобили қайд аст, ки айни замон зиёда аз 162 корхонаҳои саноатӣ фаъолияташонро бо истифода аз ангишт ба роҳ мондаанд.

Бояд қайд намуд, ки корхонаҳои азими саноатию энергетикӣ аз 10 июли соли ҷорӣ кашонидани ангиштро оғоз намуда, дар моҳи июл-октябр шартнома баста 75352,5 тн., аз ҷумла аз тарафи ҶДММ “Хуаксин Ғаюр Семент”-32222,8 тн., Маркази барқу гармидиҳии ш. Душанбе- 29954,080 тн., ҶДММ “Суғдсемент”-2041 тн. ва ҶСК “Тоҷиксемент”-10916,7 тн., КВД «Талко» 71492,7 тонна (ҳамагӣ дар якҷоягӣ бо соли 2012- 91760,8 тонна) ангишт кашонида шудааст. Аз зумраи ин корхонаҳо ҶДММ “Хуаксин Ғаюр Семент” нисбат ба дигар корхонаю муассисахо бештар ангишт кашонида захира намудааст,.

Тибқи маълумоти фаврии вазорати маориф захираи ангишт-35063,0 тн. (ё 103,4 фоизи талабот 33878 тн.), тандурустӣ – 6126 тн. (ё 98,3 фоизи талабот 6233 тн.), Иттифоқи «Тоҷикматлубот» - 28612 тн. (ё 101,1 фоизи нақша 28 300 тн.) ва сохторҳои қудратӣ -3785 тн. (ё 86,8 фоизи талабот 4360 тн.)-ро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ талаботи муассисаҳои буҷавӣ – 73586 тоннаро ташкил дода, то имрӯз 101,1 фоизи талабот (72763 тн.) иҷро гардидааст.

Шуъбаи котиботи
Вазорати энергетика ва саноат

Тақвими нашриёт

Mon
Tue
Wed
Thu
Fri
Sat
Sun
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
November 2013
 
Видеоҳо
  Саволу ҷавобҳо   Санаҳои таърихӣ   Феҳрасти маҳсулот