Захираҳои гидроэнергетикии дарёи Кофарниҳон

Дарёи Кофарниҳон яке аз шохобҳои асосии Ому ба ҳисоб меравад. Иқтидори гидроэнергетики он ба 37,22 миллиард кВт.соат мерасад, ки аз он 8,7 миллиардаш аз ҷиҳати техники қобили қабул аст. Кофарниҳон аз пиряхҳои нишебии ҷануби қаторкуҳҳои Ҳисор ибтидо гирифта, дар наздикии Ромит, ки дарёҳои Сардаи Миёна ва Сорво ва поёнтар Кофирниҳон дар наздикии Ромит, ки дарёҳои Сардаи Миёна ва Сорво бо ҳам омехта мегарданд, пуробтар мегардад. Танзими дарёи Кофарниҳон воситаи хеле хуби беҳ намудани шароити ирригатсионӣ дар маҳалҳои поёноб, аз ҷумла воҳаҳои Сурхондарё ва Шеробод ба шумор меравад.

Дарёи Кофарниҳон (шакли дурусташ - Кофуриҳон«хушбӯ») яке аз шохобҳои асосии Ому ба ҳисоб меравад. Кофирниҳон дар наздикии Ромит, ки дарёҳои Сардаи Миёна ва Сорво бо ҳам омехта мегарданд, оғоз меёбад. Дарозии умумии ин дарё 387 километрро ташкил медиҳад, майдони ҳавзаи он — 11,6 ҳазор. км2 мебошад.

Алҳол захираҳои гидроэнергетики дарёи Кофарниҳон истифода нашудаанд. Вале тавре мутахассисон ҳисоб кардаанд, дар ин дарё панҷ адад нерӯгоҳҳои миёна, аз қабили Вистан, Сорво, Явроз, Ромит бунёд намудан мумкин аст.

Тақвими нашриёт

Mon
Tue
Wed
Thu
Fri
Sat
Sun
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
March 2017
 
Видеоҳо
  Саволу ҷавобҳо   Санаҳои таърихӣ   Феҳрасти маҳсулот