Захираҳои гидроэнергетикии дарёи Панҷ

Захираҳои гидроэнергетикии танҳо дарёи Панҷ 122,90 милиард кВт.соатро ташкил медиҳад, ки аз он аз ҷиҳати техники имаконпазир ва аз ҷиҳати иқтисодӣ мувофиқаш 82 милиард кВт.соатро ташкил медиҳад. Дар ин дарё имкони бунёди сенздаҳ нерӯгоҳи барқи обӣ мавҷуд аст, ки ҳамаи онҳо хеле пурсамар, дар мавзеҳои аз зилзила эмин ва дорои шароитҳои хуби инженерй-геологӣ ба шумор мераванд. Аз ҳама афзалиятноктараш НБО-и Дашти Ҷум ба шумор меравад, ки иқтидори лоиҳавиаш 4000 МВТ ва ҳаҷми обанбораш 17,6 километри мукаабро ташкил хоҳад дод.

Обанбори ин Нерӯгоҳ вобаста ба қобилияти танзим корӣ, мавқеи ҷойгиршави дар силсилаи нерӯгоҳҳои да­рёи Панҷ шароитҳои инженери-геологӣ, наклиётӣ ва умумисохтмонӣ, инчунин нишондоди иқтисодӣ НБО-и Дашти Ҷумро метавон чун иншооти аввали обиэнергетикии ин силсила баҳо дод.

Ҷои иншоот дар охири пастхамии байникуҳӣ вокеъ аст. Дар ин маҷмааи гидроэнергетикӣ хароҷоти миёнаи бисёрсола 767 метри куби дар ҳар сония буда, иқтидори лоиҳавии ИБО 4 миллион кВт, истеҳсоли солонаи он 15,6 миллиард кВт.соатро ташкил хоҳад дод. Намуди дарғот сангу шагалӣ мешавад.

Тақвими нашриёт

Mon
Tue
Wed
Thu
Fri
Sat
Sun
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
March 2017
 
Видеоҳо
  Саволу ҷавобҳо   Санаҳои таърихӣ   Феҳрасти маҳсулот