ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКМАНИСТОН. Ҷамшед Шоимзода ва Дурди Генҷийев ҳамкорӣ дар соҳаи обро баррасӣ карданд

11-уми июн дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар “Кохи Сомон” муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода бо Раиси Кумитаи давлатии хоҷагии оби Туркманистон Дурди Генҷийев вохӯрӣ анҷом дод.
Дар мулоқот ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи об баррасӣ гардиданд.
Инчунин, ҷонибҳо вобаста ба вазъи дастрасӣ ва таъминот бо об дар Осиёи Марказӣ ва тағйирёбии иқлим андешаронӣ карданд.