МАРОСИМИ ГУСЕЛ БА НАФАҚА

18-уми апрели соли 2025, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ботантанаи ба нафақа гусел намудани мудири бахши иҷозатномадиҳии Вазорат Мурод Яқубов сурат гирифт.

Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа зимни чорабинӣ иброз дошт, ки имрӯз яке аз кормандони содиқи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон — Мурод Яқубов, мудири бахши иҷозатномадиҳӣ, пас аз солҳои дарозу пурбаракати фаъолияти меҳнатӣ ба нафақа мебаромад. Ӯ беш аз чил сол умри бобаракати худро ба соҳаи энергетика бахшида, дар ин муддат намунаи олии садоқат ба касб, масъулиятшиносӣ ва муҳаббат ба Ватанро нишон доданд. Маҳз бо шарофати меҳнати софдилона, таҷрибаи ғанӣ ва муносибати нек бо ҳамкорон, мавсуф дар байни кормандон ва роҳбарият аз эҳтироми хосса бархӯрдор аст.

Сипас, шогирдони Мурод Яқубов перомуи ҳаёт ва фаъолияти устодашон ва хотираҳои нек баромад карданд.

Ба ин муносибат, бо эҳтиром ва қадршиносӣ ба Мурод Яқубов ҷома ва тоқӣ пӯшонида, туҳфаҳои хотирмон тақдим гардид.

Фаъолияти меҳнатӣ:
Хатмкардаи ДДТ ба номи академик М.С. Осимӣ, ихтисос муҳандис-барқчӣ (соли 1985);

Устои барқчӣ дар заводи пахтаи н. Ҳисор (солҳои 1985-1988);

Муҳандис-барқчӣ дар Трести автомобилии истеҳсолии № 14-и н. Ҳисор (1988-1991);

Диспетчер, сармуҳандис ва иҷрокунандаи вазифаи сардори шабакаҳои барқии ноҳияи Ҳисор (1991-2000);

Сардори шабакаҳои барқии ноҳияи Ҳисор (2000-2002);

Фаъолият дар самти иҷозатномадиҳии Вазорати энергетика ва Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002-2014);

Мудири бахши иҷозатномадиҳии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз апрели соли 2014-то имрӯз).

Ҳамзамон, Мурод Яқубов бо Медали соҳавии “Аълочии соҳаи энергетика” сарфароз гардонида шуд.

✅ @mewrtj