БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ ТАҲИЯИ НАҚШАИ ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБИИ ҲАВЗАИ ДАРЁИ ЗАРАФШОН

Дар шаҳри Панҷакент ҷаласаи 7-уми Шурои ҳавзавии дарёи Зарафшон бо иштироки намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шарикони рушд баргузор гардид.

Дар ҷаласа натиҷаҳои таҳияи Нақшаи идоракунии захираҳои обии ҳавзаи дарёи Зарафшон, ки тибқи методологияи нави Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шуда истодааст, баррасӣ гашт.