22-юми апрели соли 2025, Москва (Федератсияи Россия). – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба Федератсияи Россия бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Александр Новак мулоқот анҷом дод.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳоро дар соҳаи энергетика мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, танзими фаъолияти Неругоҳи барқи обии муштараки «Сангтӯда-1» дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Ҳамзамон, мусоҳибон омодагии хешро баҳри таҳкими равобити дӯстона ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи энергетика иброз дошта, аҳамияти ҳамгироии зичи тарафайнро барои таъмини амният ва суботи энергетикӣ таъкид намуданд.















