МАСОИЛИ МУҲИМИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ РОССИЯ ДАР ВОХӮРИИ САРВАЗИРОН БАРРАСӢ ШУД

25-уми апрели соли 2025, Москва. – Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Михаил Мишустин мулоқот анҷом дод.

Дар ин вохӯрӣ вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.

Нахуст Коҳир Расулзода барои даъват ва истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуда, афзалиятнок будани рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русияро таъкид кард.

Зикр гардид, ки Россия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ монда, соли гузашта гардиши савдо қариб 2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ҳаҷми савдои мутақобила тақрибан 40 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла энергетика, саноат, нақлиёт, тиб, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифт.