НАЗОРАТ ВА ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

30-юми апрели соли 2025, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони дастгоҳи марказӣ ва ниҳодҳои зертобеи Вазорат баргузор гардид. Вохӯрӣ тибқи нақшаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия доир шуда, дар он Насим Шамсиддинзода ва Нуриддин Сайфиддинзода, сарнозирони раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентӣ иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини вазири энергетика ва захираҳои об Манучеҳр Сафарзода ифтитоҳ намуда, доир ба зарурат ва аҳамияти ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгариро барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ пешбинӣ менамояд, ибрози назар  кард.

Сипас, аз ҷониби Нуриддин Сайфиддинзода Пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Ҳамзамон, қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, зарурати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ва риояи қатъии меъёрҳои хизматчии давлатӣ таъкид гардид.

Дар ҷараёни чорабинӣ, инчунин, масъалаи баланд бардоштани масъулияти роҳбарон ва масъулони хадамоти кадрӣ ҳангоми қабули кадрҳо ба кор, махсусан дар самти омӯхтани собиқаи касбӣ ва набудани ҳолатҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт.