07-уми майи соли 2025, Теҳрон (Эрон). – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҷониби тоҷикистонии Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ Далер Ҷумъа бо муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф вохӯрӣ намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз рушди босуботи муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, густариши ҳамкориҳои байнидавлатиро дар соҳаҳои муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоӣ натиҷаи иродаи сиёсӣ ва талошҳои муштараки роҳбарони ҳар ду кишвар арзёбӣ карданд.
Бо хушнудӣ зикр гашт, ки дар се моҳи аввали соли 2025 гардиши савдои дуҷониба 110,6 млн долларро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,2 млн доллар ё 42,9 фоиз зиёд мебошад.
Ҷонибҳо барои боз ҳам тақвият бахшидани робитаҳои тиҷоратӣ ва боз намудани имкониятҳои нави сармоягузорӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Дар идома густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, саноат, илму техника ва дигар соҳаҳои стратегӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар ин росто, масъалаи таъсиси Маркази тиҷоратии Тоҷикистону Эрон ва Маркази фанноварӣ ва инноватсионии рақамӣ дар шаҳри Душанбе ҳамчун иқдоми муҳими таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба пешниҳод ва баррасӣ шуд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа аз тасдиқ гардидани иштироки муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, истиқбол намуд.













