30-юми майи соли 2025, Душанбе. – Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо иҷрокунандаи вазифаи котиби генералии Хартияи энергетикӣ хонум Асуко Ҳиросе мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни суҳбат зонум Ҳиросе ба вазири энергетика ва захираҳои оби барои ба уҳда гирифтани Раисии Конфронси энергетикӣ – мақоми олии қабули қарор дар доираи Шартномаи энергетикӣ – аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 изҳори сипос намуд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳо, аз ҷумла тайёрӣ ба ҷаласаи Конфронси энергетикӣ, ки дар охири соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст ва ин чорабинӣ нахустин ҷаласа пас аз татбиқи ислоҳоти “муосиргардонӣ” ба Шартномаи энергетикӣ хоҳад буд, баён намуданд.













