30-юми майи соли 2025, Душанбе. – Байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи байналмилалии идоракунии захираҳои об Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Маросими баимзорасонии санади мазкур дар намоишгоҳи “Энергияи сабзи устувори Тоҷикистон” (Кохи Сомон) баргузор гардид.
Ин Ёддошти тафоҳум заминаи ҳамкориҳои минбаъдаро дар самтҳои афзалиятноки соҳаҳои об мегузорад.
Дар доираи ин санад, аҳамияти мувофиқсозии масъалаҳои об бо дурнамо ва стратегияи рушди соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика ва муҳити зист, таҳкими иқтидори ниҳодҳо ва мутахассисон, ҳамчунин баланд бардоштани нақши ҷавонон ва занон дар раванди қабули қарорҳо дарк ва эътироф гардид.













