НАМОИШГОҲИ “ЭНЕРГИЯИ САБЗИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН”

Дар Кохи “Сомон” – макони баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳи махсус таҳти унвони “Энергияи сабзи устувори Тоҷикистон” ташкил карда шуд.
Дар намоишгоҳ иқтидорҳои мавҷуда ва имкониятҳои рушди минбаъдаи соҳаи энергетикаи сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муфассал муаррифӣ гардиданд. Аз ҷумла, иштирокчиён бо лоиҳаҳои амалкунандаи гидроэнергетикӣ, иқтидорҳои тавлиди неруи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда, ҳамчунин ҳадафҳои стратегии кишвар дар самти рушди энергияи сабз шинос шуданд.
Иштирокдорони конфронс, хусусан меҳмонони хориҷӣ, аз гӯшаи намоишгоҳи “Энергияи сабзи устувори Тоҷикистон” дидан намуда, ба дастовардҳои назарраси кишварамон дар самти рушди устувори энергетикаи сабз баҳои баланд доданд.