МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН ПРОТОКОЛ ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА СОЗИШНОМА БАЙНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲУКУМАТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ДАР БОРАИ ҲАМКОРӢ ОИД БА ИСТИФОДАИ НБО “САНГТӮДА-1”-РО БА ТАСВИБ РАСИД

16-уми июни соли 2025, Душанбе. – Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум аз ҷониби вакилон Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҳамкорӣ оид ба истифодаи НБО “Сангтӯда-1” аз 30 июли соли 2009 ба тасвиб расонида шуд.
Протоколи мазкурро ба вакилон муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Манучеҳр ва раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Шерализода Муҳамадулло муаррифӣ намуданд.
Ҳадафи асосии Протоколи мазкур ба эътидол овардани вазъи молиявии ширкати «Барқи Тоҷик» ба ҳисоб меравад.
Дар доираи Протокол ҳаҷми сармояи ҷонибҳо ба маблағи умумии 847 млн. доллари ИМА муаяйн карда шудааст.
Татбиқи тарифҳои имтиёзнок аз соли 2025 оғоз гардида, дар соли якум тарифҳо 1,5 сенти ИМА ва дар соли 2032 ба 2,2 сенти ИМА баробар хоҳад шуд.
Муҳлати бозгашти сармояи ҷонибҳо дар доираи ин иншоот аз 20 сол ба 35 сол (15 соли иловагӣ – аз соли 2034 ба соли 2048) иваз карда шуд.
Бо таъмин намудани иҷрои муқарраротҳои бозбинишудаи Созишномаи амалкунанда ба соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ самараҳои зерин дар назар аст:
  • Давоми солҳои 2025 – 2034 марҳила ба марҳила пурра аз эътибор соқит намудани қарзҳои ба ҳолати 31.12.2024 ба амаломада ба маблағи 3 млрд 257 млн сомонӣ баробар ба 297 миллион доллари ИМА;
  • Паст шудани тарифҳои хариди неруи барқ ба 1,5 сенти ИМА аз 3,168 сенти ИМА яъне 2,1 мартиба паст карда шуда, то охири соли 2032 ба 2,2 сенти ИМА баробар мешавад, ки он аз сатҳи имрўзаи тарифҳо низ паст мебошад.
  • Минбаъд аз соли 2033 то охири соли 2048 дар сатҳи 3,3 сенти ИМА яксон хоҳад монд.
Тибқи таҳлилҳо самаранокии молиявии натиҷаҳои музокиротҳо ва муқаррароти Протоколи мазкур дар давоми солҳои 2025-2049 маблағи 588 миллион доллари ИМА арзёбӣ шудааст.