БОЗДИДИ ВАЗИРИ ЭНЕРГЕТИКА ВА ЗАХИРАҲОИ ОБ АЗ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “СЕБЗОР”

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷараёни корҳои сохтмонии Неругоҳи барқи обии “Себзор” дидан намуд.

Зимни боздид масъулон оид ба раванди корҳои сохтмонӣ ва насбу васлкунии таҷҳизоти техникии неругоҳ ҳисобот доданд. Иттилоъ дода шуд, ки ба истифода додани агрегати аввали неругоҳ бо иқтидори 3,6 мегаватт дар даҳаи сеюми моҳи июни соли равон дар назар дошта шуда, корҳои омодагӣ барои ба таври озмоишӣ ба кор андохтани он дар марҳалаи ниҳоӣ қарор доранд.

Неругоҳи барқи обии “Себзор” бо иқтидори умумии 11 мегаватт яке аз лоиҳаҳои муҳими стратегӣ ва инфрасохторӣ дар самти таъмини устувору боэътимоди неруи барқ ба минтақаи дурдасти кӯҳистони кишвар маҳсуб ёфта, пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани он, дар таъмини қувваи барқи доимӣ ба аҳолӣ ва муассисаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ нақши муҳимеро хоҳад бозид.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи неругоҳи “Себзор” дар доираи сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва рушди минтақаҳои дурдаст амалӣ гардида, татбиқи пурраи он ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ мусоидат хоҳад кард.