ДАР НОҲИЯИ МУРҒОБ СЕ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОФТОБӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ДОДА МЕШАВАД

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷараёни сохтмони неругоҳҳои барқи офтобӣ дар деҳаҳои Аличур бо тавоноии 2,8 МВт (бо насби батареяи захираи энергия 1,4 МВт.соат), Гулзор бо тавоноии 450 кВт (батареяи захираи энергия 220 кВт.соат) ва Булункӯл бо тавоноии 565 кВт (батареяи захираи энергия 360 кВт.соат)-и ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб шинос шуд.

Зимни боздид, Вазир ҷараёни иҷрои корҳоро мавриди арзёбӣ қарор дода, ба масъулин ҷиҳати риояи муҳлатҳои муқарраргардида, таъмини сифати баланд ва истифодаи таҷҳизоти муосир дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маврид ба зикр аст, ки неругоҳи офтобӣ дар деҳаҳои Аличур ва Гулзор то охири моҳи июни соли ҷорӣ ва неругоҳи деҳаи Булункӯл бошад, охири моҳи июл ба истифода дода мешавад.

Бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ дар доираи лоиҳаи “Электрификатсияи деҳот” амалӣ гардида, ҳадафи асосӣ таъмини аҳолии минтақаҳои дурдаст ва кӯҳистони мамлакат бо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад.

Татбиқи чунин лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар шароити душвори иқлимии ноҳияҳои баландкӯҳ ба беҳтар гардидани шароити зисти аҳолӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодии минтақа ва иҷрои ҳадафҳои стратегияи миллии таъмини истиқлоли энергетикӣ мусоидат хоҳад кард.