25-уми июни соли 2025, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи баланд бардоштани дониши шаҳрвандону сохибкорон дар самти андозу андозбандӣ, фарҳанги андозсупорӣ, пешбурди ҳисобдории муҳосибӣ, маърифати молиявӣ, пеширии конуншиканиҳо, тамини иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, шарҳи муқаррароти Кодекси андоз, хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ ва дигар навгониҳои соҳа семинар-машварат баргузор гардид.
Дар кори он Манучеҳр Сафарзода – муовини вазири энергетика ва захираҳои об, Нарзулло Маликзода, муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули дастгоҳи марказии Вазорат ва корхонаҳои соҳаҳои энергетика, захираҳо об ва нафту газ иштирок намуданд.
Манучеҳр Сафарзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва андозии кормандони соҳа нақши муҳим дар таҳкими интизоми молиявӣ, шаффофият ва рушди устувори фаъолияти хоҷагидорӣ дорад.
Сипас, Нарзулло Маликзода перомуни муқаррароти нави Кодекси андоз, талаботи муҳими ҳисоботдиҳӣ, уҳдадориҳои андозӣ ва истифодаи хизматрасониҳои рақамӣ дар низоми андозсупорӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Дар интиҳои чорабинӣ миёни иштирокчиён саволу ҷавоб баргузор гардид ва ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ посухҳои мушаххас дода шуданд.


















