ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

26-уми июни соли 2025, Душанбе. – Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир гашт. Бо нишони арҷгузорӣ ба ин санаи муқаддас чорабинӣ бо садо додани Суруди Миллӣ оғоз гардид.

Дар ифтитоҳи ҷамъомад Ҷамшед Шоимзода – муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои об ҳозиринро ба муносибати Рӯзи  Ваҳдати миллӣ табрик намуда, баён дошт, ки бисту ҳашт соли сипаришуда собит кард, ки барои давлати тоҷикон ва миллати тоҷик неъмати азизтар ва бузургтар аз Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа, ки меъмори он Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, вуҷуд надорад.

– Воқеан, Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири таърихӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ шароити мусоиде фароҳам овард, то миллати парешону пароканда сарҷамъ гардад ва давлати навини тоҷикон аз вартаи нестӣ раҳо ёбад, – афзуд муовини якуми вазир.

Гуфта шуд, ки тайи ин солҳо дар партави сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Сарвари давлат кулли соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла, соҳаи энергетика рушд намуда, Тоҷикистон ба кишвари пешрафта табдил ёфта, ташаббускор, пешоҳанг ва таъсиргузор дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии марбут ба обу иқлим эътироф  гардидааст.

Махсусан таъкид гардид, ки дар замони пурпечутоби ҷаҳони муосир, таҳдидҳои афзояндаи геополитикӣ ва рӯйдодҳои ноороми минтақаҳои мухталифи ҷаҳон аз ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус хизматчиёни давлатӣ, тақозо менамояд, ки дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи дастовардҳои ваҳдати миллӣ саҳми фаъол гузошта, бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ сиёсати дурбинонаи Пешвои миллатро ҷонибдорӣ намуда, дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар нақши созандаи худро гузорад.

Дар идома кормандони Вазорат доир ба нақши ваҳдати миллӣ дар ташаккули давлату миллат ва аҳамияти таърихии Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ибрози андеша намуданд.