26-уми июни соли 2025 дар шаҳри Нинбои Ҷумҳурии Халқии Хитой Ҷаласаи 5-уми вазирони энергетикаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид, ки дар кори он Шарифа Худобахш – муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок намуд.
Маросими ифтитоҳи ҷаласа таҳти унвони «Инноватсия ва ҳамгироӣ: энергия ояндаро муайян мекунад» сурат гирифта, зимни он ба роҳ мондани самтҳои нави ҳамкорӣ байни кишварҳои аъзо дар доираи созмон баррасӣ шуд.
Муовини вазири энергетика ва захираҳои об зимни суханронии худ дар ҷаласаи вазирон аз захираҳои бойи энергетикии аз ҷиҳати экологи тозаи кишвар ёдовар шуда, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳо дар доираи СҲШ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад ва омода аст, таҷриба ва иқтидорҳои мавҷудаи худро баҳри рушди ҳамгироии минтақавӣ ва таъмини амнияти энергетикӣ равона намояд.
Ҳамзамон, ҷиҳати ба роҳ мондани лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, мубодилаи таҷриба дар соҳаи энергияи барқароршаванда ва татбиқи ҳадафҳои умумии минтақавӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд.
















