ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ҶСК «ШАБАКАҲОИ ИНТИҚОЛИ БАРҚ» ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМ

10-уми июли соли 2025, Душанбе. – Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» бо иштироки вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа аз фаъолияти ҷамъият дар нимсолаи якуми соли 2025 натиҷагирӣ карда шуд.

Дар кори ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Бобозода, директори генералии ҷамъият Мирзо Маҳмудзода, роҳбарони филиалҳо ва кормандони масъули ҷамъият ширкат доштанд.

Тибқи рӯзнома, нахуст муовини директори генералии ҷамъият Баҳодур Усмонов оид ба нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва молиявии ҷамъият ҳисобот дода, иброз дошт, ки дар ин давра самти асосии фаъолияти ҷамъият вобаста ба истифодаи сарфакорона неруи барқ, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани таҷҳизотҳои ШИБ ва беҳтар намудани сифати интиқоли неруи барқ равона гардида буд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи якум ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» 12 млрд 829,1 млн кВт.соат неруи барқ қабул ва 12 млрд 441,3 млн кВт.соат интиқол додааст.

Дар идома гузориши роҳбарони филиалҳои минтақавии ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» шунида шуд.

Дар интиҳои ҷаласа, вазири энергетика ва захираҳои об ба масъалаҳои муҳими соҳавӣ таваҷҷуҳи зоҳир намуда, вобаста ба кам намудани сарбории зеристгоҳҳои барқӣ, фаъолияти самарабахши онҳо дар мавсими обёрӣ, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, пешгирии талафоти неруи барқ ва татбиқи саривақтии лоиҳаҳо ба роҳбарият ва кормандони ҷамъият дастурҳои мушаххас дод.