15-уми июли соли 2025, Душанбе. – Таҳти раёсати вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати энергетика ва захираҳои об оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти корхонаю муассисаҳои соҳаҳои энергетика, нафту газ ва захираҳои об дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои семоҳаи сеюм доир шуд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, нахуст муовини вазири энергетика ва захираҳои об Манучеҳр Сафарзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти корхонаю муассисаҳои соҳа дар ин давра гузориш дод.
Сипас, фаъолияти ҶСК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ», ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ», Муассисаи давлатии «Маркази идораии лоиҳаҳои бахши электроэнергетика», КВД Ҷ ПЛ «Нурофар», Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва корхонаю муассисаҳои соҳаҳои нафту газ ва захираҳои об мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни муҳокимаи масъалаҳо, бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти корхонаю муассисаҳои соҳаҳои энергетика, нафту газ ва захираҳои об, иҷрои талаботи ислоҳоти соҳаи энергетика, татбиқи сифатнок ва саривақтии лоиҳаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Ҳамзамон, ба корхонаҳои зертобеи Вазорат ва корхонаҳои соҳавӣ ҷиҳати иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Вазорат оид ба амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025, инчунин даст назадан ба кирдорҳои коррупсионӣ, тарғиби чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ дастурҳо дода шуданд.
Дар фароварди ҷаласа аз ҷониби ҳайати мушовара қарори дахлдор қабул гардид.



















