ҚАБУЛИ ДАРХОСТҲО БА МАКТАБИ ТОБИСТОНА КУШОДА ШУД!

Ту донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ҳастӣ ва мехоҳӣ малакаҳои амалӣ оид ба GIS ва AutoCAD ба даст орӣ? Пас, барои ту як хабари афсонавӣ дорем! 😎

📅 Аз 4 то 19 августи соли 2025 Мактаби тобистона оғоз мешавад, ки дар он ту:

📌 Кор кардан бо барномаҳои GIS ва AutoCAD-ро меомӯзӣ

📌 Бо фаъолияти воқеии муассисаҳои соҳаи об шинос мешавӣ

📌 Аз иншоотҳои муҳимми обёрӣ боздид мекунӣ

📌 Бо мутахассисони амалӣ аз соҳаи об мулоқот мекунӣ

👩‍🎓 Киҳо метавонанд иштирок кунанд?

— Донишҷӯёни курсҳои 1–4-и ДАТ, ки хоҳиши мутахассис шудан доранд (бартарият ба донишҷӯёни аз ноҳияҳо, махсусан ба духтарон дода мешавад)

— Онҳое, ки донишҳои ибтидоӣ аз GIS ва AutoCAD доранд

— Онҳое, ки омодаанд пурра дар барномаи Мактаби тобистона аз 4 то 19 август ширкат намоянд

📝 Иштирок танҳо бо пур кардани дархост — пайвандро пур кун:

https://docs.google.com/forms/d/e/1FAIpQLSfSAbqS6-FMlaUm0w3SoxtlPEclKDmfQ8axGzFzSJfnrgVjlg/viewform?usp=dialog

Мӯҳлати охирини қабули дархостҳо: 27 июл

🗣 Забони омӯзиш: тоҷикӣ

 🤳Барои маълумот 901219106

Фурсати нодирро аз даст надеҳ — тобистонро барои рушди худ сарф кун! 🚀💧