22-юми июли соли 2025, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Манучеҳр ҷаласаи корӣ оид ба баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар самти фаъолияти соҳа баргузор шуд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, вазъи қабулу баррасии муроҷиатҳо дар Вазорат, мушкилоти мавҷуда мавриди таҳлил ва муҳокима қарор гирифт.
Муовини вазир дар суханронии худ таъкид кард, ки мувофиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тамоми мақомоти давлатӣ вазифадоранд, нисбат ба муроҷиатҳои шаҳрвандон бо масъулияти баланд муносибат намуда, барои ҳалли саривақтии мушкилоти онҳо тадбирҳои амалӣ андешанд.
Дар интиҳои ҷаласа ба воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати қабули муроҷиатҳо, вокуниши саривақтӣ ба арзу дархостҳо дастурҳо дода шуд.















