24-уми июли соли 2025, Душанбе. – Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Муғулистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Дар доираи Ёддошти тафоҳум тарафҳо ҳамкориҳоии байниҳамдигариро дар бахши энергетика, бахусус дар самти истифодаи манбаъҳои энергетикаи обӣ тақвият медиҳанд.
Дар ин замина, табодули таҷриба дар бахши таҳия ва сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, тақвияти иқтидории кадрӣ таҳким бахшида мешавад.
Имзои Ёддошти мазкур як қадами муҳими дигар дар роҳи густариши робитаҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон маҳсуб меёбад.













