БА ТАВАҶҶУҲИ НАМОЯНДАГОНИ ВАСОИТИ АХБОРИ ОММА!
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони воситаҳои ахбори оммаро ба нишасти матбуотӣ даъват менамояд.
Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорат дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 25-уми июли соли 2025, соати 15:00, дар бинои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (кӯчаи Шамсӣ 5/1) баргузор мегардад.
Аз намояндагони васоити ахбори омма эҳтиромона даъват ба амал оварда мешавад, ки барои инъикоси нишасти матбуотӣ иштирок намоянд.
ПРЕСС-РЕЛИЗ
оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсоли якуми соли 2025
Дар нимсолаи якуми соли 2025 корхонаю муассисаҳои соҳаҳои марбут ба Вазорати энергетика ва захираҳои об фаъолияташонро дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои барномаҳои соҳавии рушди энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ равона намуда, дар доираи салоҳияту уҳдадориҳои худ ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати ягонаи энергетикӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обии кишвар, аз ҷумла, дар самти бунёд ва таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолии энергетикӣ, сохтмон ва таъмири инфрасохтори энергетикӣ, афзоиши имкониятҳои содиротӣ корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 дар соҳаи энергетика як қатор рӯйдодҳои муҳим ба амал омаданд, аз ҷумла баистифодадиҳии хатти интиқоли барқи 500 кВ “Датка – Суғд” дар доираи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000, инчунин, зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Неругоҳи барқи обии “Себзор” (бо иқтидори 11 МВт, ноҳияи Роштқалъа), 2 неругоҳи барқи офтобӣ (3,25 МВт ва 1,62 МВт батарея, ноҳияи Мурғоб) 4 неругоҳи хурди барқи обӣ (дар маҷмуъ, 451 кВт. ноҳияҳои Дарвоз ва Рӯшон ), зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ “Ҷангал” (ноҳияи Рӯшон) ба истифода дода шуда, корҳои сохтмонии неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 3 МВт (ноҳияи Шуғнон) ва 42 км хати интиқоли барқи дузанҷираи 110 кВ “Вомар-Возванд” дар ноҳияи Рӯшон ва зеристгоҳи 110/35 киловолтаи “Қозидеҳ” (ноҳияи Ишкошим) оғоз бахшида шуд.
Дар нимсолаи якуми соли 2025, истеҳсоли энергияи барқ дар ҷумҳурӣ 11 млрд 812 млн кВт соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млрд 445,5 млн кВт соат ё 12,2% зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли энергияи барқ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби барқистеҳсолкунандагони мустақили кишвар чунин ба қайд гирифта шуд:
- дар ҶСК “Барқи Тоҷик” 8 млрд 893,4 млн кВт соат, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 944,6 млн кВт соат зиёд буда, суръати афзоиш 101,9 %;
- дар ҶСК “НБО Сангтӯда-1” 1 млрд 480,2 млн кВт соат, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта – 171,4 млн кВт соат зиёд буда, суръати афзоиш 113,1 %;
- дар НБО “Сангтӯда-2” 487,8 млн кВт соат, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 94,3 млн кВт соат зиёд буда, суръати афзоиш 124%,
- дар ҶСК “Помир-Энерҷӣ” 111,2 млн кВт соат, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 млн кВт соат кам буда, суръати афзоиш 99,6%;
- дар ҶСК НБО “Роғун” 836 млн кВт соат, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 233,4 млн кВт соат зиёд буда, суръати афзоиш ба 139 %;
- неругоҳҳои хурди ҷумҳурӣ 6,9 млн кВт соат, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 млн кВт соат зиёд буда, суръати афзоиш ба 130 %;
Ҳаҷми умумии содироти энергияи барқ бо натиҷаҳои нимсолаи якуми соли 2025 – 1 млрд 123,3 млн кВт соат ё ба маблағи 322,6 млн сомониро ташкил дод (аз он ҷумла 2,1 млн кВт соат ё 0,8 млн сомонӣ аз ҳисоби ҶСК “Помир-Энерҷӣ”), ки ин нисбат ба ҳамин давраи гузашта 405 млн кВт соат ё 56,4 % зиёд мебошад. Энергияи барқ, асосан, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 718 млн кВт соат ба маблағи 312 млн сомонӣ ва ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 395,8 млн кВт соат ба маблағи 9 млн сомонӣ содирот карда шуд. Бояд тазаккур дод, ки 90 %-и неруи барқ дар давраи зиёд гардидани резиши об дар дарёҳо, яъне моҳҳои май ва июн содирот шудааст. Аз ҷумла, дар моҳи июн 565,1 млн кВт соат содирот шудааст, ки 50 % ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад.
Дар умум, талафоти энергияи барқ дар системаи энергетикӣ ба 2 млрд 262,2 млн кВт соат ё 17,2% баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (20,5%) 48,8 млн кВт соат ё 3,3 % кам мебошад.
Ҷамъоварии умумӣ аз бозори дохилӣ 89,2 % ё 3 млрд 002,6 млн сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (85,5%) 735,7 млн сомонӣ ё 27,9 % зиёд мебошад. Ҷамъоварӣ аз ҳисоби аҳолӣ 1 млрд 220,9 млн сомонӣ ё 95,45 % иҷро гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (88,7%) 287 млн сомонӣ ё 30,7 % зиёд гардидааст.
Ба ҳолати 1-уми июли соли 2025 маблағи қарзи дебитории энергияи барқ бо назардошти қарзҳои солҳои пешин 4 млрд 465,5 млн сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба аввали соли 2025 ба маблағи 340,5 млн сомонӣ ё 8,2% зиёд гардидааст. Аз ҷумла, аҳолӣ 1 млрд 699,2 млн сомонӣ, ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” 718 млн сомонӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 238,1 млн сомонӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ зиёда аз 108,3 млн сомонӣ, КВД “Обу корези ҷумҳурӣ” 16,4 млн сомонӣ ва дигар корхонаҳо 1 млрд 685,6 млн сомониро ташкил дод.
Дар давраи ҳисоботӣ корҳо дар доираи 12 лоиҳаи давлатии сармоягузории соҳаи энергетика, аз ҷумла лоиҳаи “Таҷдиди неругоҳи барқи обии Сарбанд” (гидроагрегати №4), “Таҷдиди неругоҳи барқи обии Қайроққум”, “Лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA-1000”, “Таҷдиди НБО Норак” (марҳилаҳои 1 ва 2), “Барномаи солимгардонии вазъи молиявии ширкати энергетикӣ”, “CASA-1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа”, “Электрофикатсияи деҳот”, “Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии ягонаи Осиёи Марказӣ”, “Кам намудани талафоти энергияи барқ дар вилояти Хатлон» (шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар), “Лоиҳаи рушди соҳаи энергетика” (Кам намудани талафоти энергияи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара”), лоиҳаи пешпардохт барои омодасозии лоиҳаи сохтмони неругоҳи барқи офтобии хусусӣ дар вилояти Суғд ва лоиҳаи “Таҷдиди шабакаи интиқоли барқи Суғд/ Васеъсозии шабакаи интиқоли барқи Суғд” идома дода шуд.
Дар доираи лоиҳаҳои зикршуда дар ҳаҷми 1 448 млн. доллари ИМА маблағ ҷалб карда шудааст.
Илова бар ин, татбиқи 6 лоиҳаи дигар дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла лоиҳаи сохтмони “НБО Себзор”, лоиҳаи “Электрофикатсияи деҳот” (қисмати ВМКБ), “Лоиҳаи байнисарҳадии Шуғнон VI ё бунёди хати интиқоли барқи 110 кВ Хоруғ-Шуғнон”-марҳилаи 1, “Лоиҳаи самаранокии энергияи барқ ва энергияи барқароршаванда” ё худ сохтмони зеристгоҳи 110/35/10 кВ Вамар, асосноккунии техникии неругоҳи “Чарсем” ва сохтмони 10 км хати интиқоли барқи 35 кВ “Нулванд-Зигар”, ва лоиҳаи “Энергияи хусусии Помир, марҳилаи 3” бо маблағи умумии 134,7 млн. доллари ИМА идома дода шуданд.
Соҳаи захираҳои об. Вазорат ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо ва ташвиқу тарғиби ибтикори панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон шудани Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо Конфронси миллӣ таҳти унвони “Баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон: навоварӣ дар идоракунии об ва мониторинги пиряхҳо”-ро баргузор намуд.
Ҳамчунин, Вазорат дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29-31-уми майи соли 2025, шаҳри Душанбе), дар якҷоягӣ бо шарикони рушд форумҳоро дар мавзуъҳои “Тақвияти ҳамкории фаромарзӣ барои устувории захираҳои об ва муқовимат ба тағйирёбии иқлим дар ҳавзаҳои вобаста ба пиряхҳои Осиёи Марказӣ” ва “Дар самти идоракунии устувори об дар Осиёи Марказӣ: Нақши мониторинги криосфера дар қабули қарорҳо оид ба тақсимоти об” доир кард.
Илова бар ин, дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии конфронси мазкур Вазорат дар якҷоягӣ бо ҶСК “Барқи Тоҷик”, ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”, ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва ҶСК НБО “Роғун” ғурфаи Тоҷикистонро таҳти унвони “Энергияи сабзи устувори Тоҷикистон” ташкил намуда, иқтидорҳои обию энергетикии Тоҷикистон, сиёсати кишвар дар самти энергияи барқароршаванда ва нақши муҳими он дар раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ташвиқу тарғиб гардиданд.
Дар нимсолаи якуми соли 2025 аз ҷониби ташкилоту идораҳои марбут ба истифодаи об аз сарчашмаҳои гуногуни обгирӣ зиёда аз 4 803,5 млн.м3 гирифта шудааст, ки истифодаи ҳақиқии он бе талафот 3 839,7 млн.м3-ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, 1 840,4 млн.м3 ба мақсади обёрӣ, 82,3 млн.м3 бо мақсади таъмини оби ошомиданӣ ба аҳолӣ, 0,86 млн.м3 бо мақсади обтаъминкунии деҳот, 50,5 млн. м3 бо мақсади моҳипарварӣ, 1 130,5 млн. м3 бо мақсади истифода дар НБО-ҳо, МБГ 1 ва 2-и шаҳри Душанбе ва 735,1 млн. м3 дар дигар соҳаҳо об истифода намудаанд.
Соҳаи нафту газ. Дар нимсолаи якуми соли 2025 истихроҷи нафт 9 158,2 тоннаро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 695,6 тонна ё 22 % зиёд мебошад. Истихроҷи гази табиӣ бошад, 130 ҳаз. м3-ро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,7 ҳаз. м3 ё 16 % кам мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи нафту газ ҳамкорӣ бо ширкати амалиётии ФҶХММ «СиЭнПиСи Сентрал эйжа Б.В.» дар самти ҷустуҷӯ, иктишоф, истихроҷ ва кашфи конҳои нафту газ ба роҳ мондашудааст. Айни замон аз ҷониби ширкати номбурда тибқи нақшаи корӣ корҳои омӯзишӣ геологӣ-геофизикӣ бо усулӣ сейсмоиктишофӣ дар минтақаи иҷозатномавӣ дар ҳаҷми 1 017 км мураббаъ идома дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми коркарди нафт 6 450,7 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 659,5 тонна ё 13,3% зиёд буда, захираи нафт дар анборҳои корхонаҳои коркарди нафт дар ҳаҷми 139,5 тоннаро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ гази табиӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 119,0 млн м3-ро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37,5 млн. м3 ё 24 кам мебошад.
Дар нимсолаи якуми соли 2025 аз ҳисоби соҳибкорон ва ҷамъиятҳои ватанӣ маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ аз ҳамаи давлатҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 808,6 ҳазор тонна ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024, дар ҳаҷми 24,8 ҳазор тонна ё 3,1 % зиёд мебошад.













