Тақвияти зарфиятҳои касбӣ дар бахши захираҳои об: таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултети гидромелиоративӣ дар Вазорати энергетика ва захираҳои об

Донишҷӯёни факултети гидромелиоративии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар доираи Лоиҳаи беҳтаргардонии идоракунии захираҳои обӣ ва обёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об таҷрибаомӯзӣ намуданд.
Ҳадафи асосии таҷрибаомӯзӣ — ҷалби ҷавонон ба иштирок ва саҳми фаъолона дар рушди бахши захираҳои об, баланд бардоштани маърифати касбӣ, таъкид ба нақши калидии об дар рушди устувори кишвар ва омода намудани мутахассисони соҳибтахассуси ҷавобгӯ ба талаботи муосири соҳа мебошад.
Дар ҷараёни таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён аз фаъолияти раёсати захираҳои об, раёсати сиёсати энергетикӣ ва захираҳои об, рушди илму техника дидан намуданд. Мутахассисони оянда аз тартиби банақшагирӣ, идоракунӣ ва татбиқи сиёсати давлатии об шиносоӣ пайдо намуда, дар муҳити воқеии кор бо коршиносони соҳа табодули афкор анҷом доданд.
Ин таҷрибаомӯзӣ танҳо як марҳилаи омӯзишӣ набуда, балки қадами устувор дар самти ташаккули насли нави мутахассисони соҳа мебошад.