БОЗДИДИ ВАЗИР АЗ НБО “ҚАЙРОҚҚУМ”

1-уми августи соли 2025, Гулистон. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бо рафти корҳои таҷдид дар Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” шинос шуд.

Зимни боздид масъулин ба Вазири энергетика ва захираҳои об иттилоъ доданд, ки то имрӯз 5 агрегати неругоҳ таҷдид гардида, корҳои навсозӣ тибқи нақша дар агрегати охир идома доранд. Мутобиқи маълумоти пешниҳодгардида, интизор меравад, ки дар моҳи сентябри соли 2025 таҷдид дар неругоҳ пурра ба итмом расанд.
Бо татбиқи пурраи лоиҳаи таҷдид, иқтидори истеҳсолии НБО “Қайроққум” аз 126 МВт ба 174 МВт расонида мешавад, ки ин ба 48 МВт афзоиши иқтидор дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои қаблӣ баробар аст.
Татбиқи ин лоиҳа имконият медиҳад, ки самаранокии кори неругоҳ зиёд шуда, таъминоти барқи боэътимод ба минтақаҳои шимолии кишвар боз ҳам беҳтар гардад.
Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа зимни боздид таваҷҷуҳи хоса ба риояи муҳлатҳои муайянгардида ва сифати корҳои таҷдид зоҳир намуда, ба масъулин дастурҳои мушаххас ҷиҳати риояи талаботи техникию муҳандисӣ дод.