Шиносоӣ бо фаъолияти Филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Гулистон ва боздид аз мавзеи пешбинишуда барои сохтмони бинои сохторҳои захираи об

1-уми августи соли 2025, Гулистон. – Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо фаъолияти Филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Гулистон шинос шуд.
Вазир ба масъулон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини хоҷагии халқ бо неруи барқ, кам намудани талафот ва пурра ҷамъоварӣ намудани маблағи он дастурҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон, дар ҳамин ҷо вазир бо раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз мавзеи пешбинишуда барои сохтмони бинои Раёсати захираҳои оби минтақави ҳавзавии Сирдарё ва Филиали тоҷикии Иттиҳодияи хоҷагии оби ҳавзаи Сирдарё дидан намуданд.
Зикр гардид, ки сохтмони бинои нав бо мақсади фароҳам овардани шароити муосир ва беҳтар барои фаъолияти кормандони сохторҳои мазкур дар назар дошта шудааст.