БОЗДИДИ ВАЗИРОН АЗ ПОЙГОҲҲОИ ОБКАШӢ

2-юми августи соли 2025 вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҳамроҳи вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев ва вазири захираҳои об ва обёрии Ҷумҳурии Қазоқистон Нуржан Нуржигитов бо фаъолияти пойгоҳҳои обкашии “Сомғар-1”, “Хоҷабақирғон-1” (ноҳия Бобоҷон Ғафуров) ва “Марҳам” (Конибодом) шинос шуданд.
Зимни боздидҳо иттилоъ дода шуд, ки пойгоҳҳои мазкур дар солҳои 50-ум ва 70-уми асри гузашта ба истифода дода шуда, ҳамчун иншооти муҳими обрасонӣ барои обёрии ҳазорҳо гектар заминҳои кишоварзӣ хизмат менамоянд. Бо вуҷуди аҳамияти бузурги ин пойгоҳҳо, дастгоҳҳо дар натиҷаи истифодаи дарозмуддат фарсуда гардида, ниёз ба таҷдид доранд.
Дар баробари ин, истеъмоли неруи барқ аз меъёр зиёд мебошад.
Мақсад аз ташрифи муштарак баррасии роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти беҳсозии зерсохторҳои обкашӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва мубодилаи таҷриба ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои об дар минтақа арзёбӣ гардид.