Тоҷикистон, бо дарназардошти иқтидорҳои гидроэнергетикии худ, ба масоили таъмини истиқлоли энергетикӣ ва рушди ин соҳа аҳамияти хоса медиҳад.
Ин нуктаро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Конфронси сеюми СММ оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ (5 август, Туркманистон) иброз доштанд.
Ҳоло дар Тоҷикистон 98 фоизи неруи барқ аз манбаъҳои обӣ истеҳсол карда мешавад ва кишвари мо аз лиҳози ҳиссаи истеҳсоли энергияи “сабз” дар ҷаҳон дар ҷойи 6-ум қарор дорад.
Татбиқи Стратегияи миллии рушди иқтисоди “сабз”, то соли 2037 ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар оянда пурра ба истеҳсоли неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда гузарад.
Албатта, барои татбиқи муассири чунин ҳадафҳои созанда сармоягузориҳои зиёд бо шумули технологияҳои пешрафтаи истифодаи босамар ва оқилонаи энергия лозим аст.
Бо дарназардошти ҳампайвандии энергетика ва тағйирёбии иқлим, метавон гуфт, ки рушди энергияи “сабз” як қадами устувору мусбат дар масири ҳифзу беҳбуди иқлим мебошад.













