БОЗДИД АЗ СОҲИЛИ ОБАНБОРИ “БАҲРИ ТОҶИК”

14-уми августи соли 2025, Гулистон (вилояти Суғд). – Пас аз анҷоми вохӯрии корӣ, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷурабек Мирзомаҳмудов ба соҳили обанбори “Баҳри Тоҷик” ташриф оварданд.

Зимни боздид таъкид гардид, ки обанбори “Баҳри Тоҷик” дорои аҳамияти бузурги стратегӣ буда, нақши калидӣ дар обёрии заминҳои кишоварзии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон мебозад.

Обанбор, дар баробари таъмини обёрӣ, манбаи асосии оби Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” мебошад, ки саҳми назаррас дар таъмини неруи барқ ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Суғд дорад.

Ҳамзамон, зикр шуд, ки минтақаи соҳилии обанбор, бо назардошти манзараҳои зебои табиӣ ва имкониятҳои фароғативу сайёҳӣ, ба яке аз маконҳои дӯстдоштаи истироҳатии сайёҳии дохилӣ ва хориҷӣ табдил ёфтааст.