Дар шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи ҷашнӣ – 90-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Канат Бозумбоев, роҳбарони ниҳодҳои хоҷгии оби ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Ҷониби Қирғизистон ҳамчун нозир ҳузур дошт. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласа зери роҳбарии муовини якуми вазири энергетика ва захираҳо об Ҷамшед Шоимзода ширкат кард.
Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба реҷаи кори обанборҳоро дар ҳавзаҳои дарёҳои Амударё ва Сирдарё дар давраи мавсими кишти имсола ва иҷрои вазифаҳое, ки аз ҷониби Сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал пеш гузошта шудаанд, баррасӣ гардид.













