Дар шаҳри Душанбе вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Раиси Кумитаи иҷроияи Шурои электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Тарас Купчиков мулоқот анҷом дод.
Зимни суҳбат таваҷҷуҳи асосии тарафҳо ба масъалаҳои омодагӣ ва баргузории ҷаласаи 67-уми Шурои электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил равона гардид, ки баргузории он дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Ҷаласаи сарони давлатҳои ИДМ моҳи октябри соли ҷорӣ пешбинӣ шудааст.
Ҷаласаи дарпешистода ба самтҳои стратегии рушди фаъолияти Шуро, баррасии масъалаҳои ҷории кори идорӣ ва қарорҳои кадрӣ бахшида мешавад.













