ГУЗОРИШИ МУФАССАЛ АЗ ҶАРАЁНИ САФАРИ КОРИИ ВАЗИР БА НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ аз як қатор деҳаҳо ва бо ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонӣ ва таъмиру азнавсозии иншоотҳои ҷашнӣ шинос шуд.
Бунёди ҳаммом дар деҳаи Зануҷ
Дар деҳаи Зануҷ вазир якҷо бо раиси ноҳияи Роштқалъа Лашкар Сафарзода масъалаи азнавсозии ҳаммоми истифодаи умумиро баррасӣ карданд.
Барои бунёди ҳаммом аз ҷониби Вазорат масолеҳи сохтмонӣ дастрас карда мешавад.
Истифодаи панелҳои офтобӣ дар ҶДММ “Кашемири Помир”
Зимни мулоқот бо роҳбарияти ҶДММ “Кашемири Помир” масъалаи истифодаи самараноки панелҳои офтобии корхона, ки иқтидори умумии онҳо 46 кВт-ро ташкил медиҳад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки панелҳои офтобии ҶДММ “Кашемири Помир” аз эҳтиёҷоти корхона зиёд барқ истеҳсол менамояд.
Бинобар ин, пешниҳод гардид, ки пас аз насби ҳисобкунак, панелҳои офтобӣ ба шабакаҳои барқии ширкати “Помир Энерҷӣ” пайваст карда мешаванд ва барқи изофӣ барои таъмини аҳолӣ равона мегардад.
Боздид аз бинои Маркази рушди барвақтии кӯдакон
Дар идомаи сафар Вазири энергетика ва захираҳои об аз сохтмони бинои Маркази рушди барвақтии кӯдакон дар деҳаи Бидеҷ дидан намуд.
Тибқи маълумот, марказ барои 17 кӯдакони деҳа пешбинӣ шудааст.
Таъкид гашт, ки чунин иншоот барои сокинони деҳаҳои дурдасти ВМКБ аҳамияти калон дошта, зарур аст бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва рӯзҳои офтобӣ суръати корҳои сохтмонӣ вусъат бахшида шавад.
Ҳамзамон, масъалаи таъмини деҳаи Оҷатга бо оби нӯшокӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Сокинон хабар доданд, ки дар якҷогӣ хатти оби нӯшокиро дар масофаи 3 км кашидаанд ва барои 1 км боқимонда ба лӯла ниёз доранд.
Дастур дода шуд, ки барои таъмини лӯлаҳо чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Бунёди майдончаи варзиш
Дар деҳаи Лесхоз аз сохтмони иншооти ҷашнӣ – майдончаи варзиш барои бозиҳои волейбол, баскетбол ва футбол бо андозаи 40х38 метр пешбинӣ шудааст, боздид ба амал оварда шуд.
Вазир таъкид намуд, ки чунин иншоот барои ҷавонон ва наврасон муҳим буда, ба ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби онҳо ба машғулиятҳои варзишӣ мусоидат мекунад.
Ин майдонча, инчунин, метавонад макони баргузории чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла ҷашнҳои миллӣ бошад.
Бо дархости сокинон, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Далер Ҷумъа аз ҳолати пули байни деҳаҳои Зануҷ ва Лесхози ноҳияи Роштқалъа шинос шуд.
Зимни боздид таъкид гардид, ки пул дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, барои рафту омади аҳолӣ мушкилӣ пеш меоварад.
Бо дарназардошти аҳамияти ин иншоот дастур дода шуд, ки барои азнавсозӣ ва таъмири пул чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Дар робита ба ин, супориш дода шуд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин рӯйхати масолеҳи зарурии сохтмониро омода ва пешниҳод намоянд.