ШИНОСОИИ ВАЗИР БО РАФТИ ОМОДАГИИ МАКТАБҲОИ НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ

Дар ноҳияи Роштқалъа вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа Далер Ҷумъа бо рафти корҳои омодагӣ ба соли нави таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Роштқалъа 41 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, зиёда аз 4200 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Айни замон, дар муассисаҳои таълимӣ корҳои ободонӣ, таъмири синфхонаҳо, таъмин бо мизу курсиҳо ва дигар лавозимоти зарурӣ идома доранд.
Зикр гардид, ки ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия биноҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ мавриди истифода дода шуда, барои хонандагон шароити беҳтари таълимӣ муҳайё гардид.
Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа зимни суҳбат бо омӯзгорон таъкид намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат сатҳу сифати шароити таълим дар деҳоти дурдасти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тадриҷан беҳтар гардида, таваҷҷуҳи хоса ба тарбияи насли наврас ва баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии онҳо равона шудааст.