Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон мекунад.
- Сардори раёсати истихроҷ, коркард ва таъминоти нафту газ;
- Сардори шуъбаи таҳлил, мониторинги неругоҳҳои хурд аз рӯи тамоми манбаҳои раёсати электроэнергетика;
- Сармутахассиси раёсати электроэнергетика;
- Сармутахассиси раёсати иқтисод ва дурнамо;
- Сармутахассиси раёсати захираҳои об;
- Мутахассиси пешбари раёсати истихроҷ, коркард ва таъминоти нафту газ;
- Мутахассиси пешбари раёсати муносибатҳои байналмилалӣ;
- Мутахассиси пешбари раёсати муносибатҳои байналмилалӣ;
- Мутахассиси пешбари раёсати ҳуқуқ;
- Мутахассиси пешбари шуъбаи коргузорӣ ва назорат;
- Мутахассиси пешбари шуъбаи коргузорӣ ва назорат;
- Мутахассиси пешбари бахши иҷозатномадиҳӣ;
- Мутахассиси пешбари бахши котибот;
- Мутахассиси раёсати сиёсати энергетикӣ ва захираҳои об, рушди илму техника;
- Мутахассиси раёсати иқтисод ва дурнамо;
- Мутахассиси раёсати захираҳои об;
- Мутахассиси раёсати истихроҷ, коркард ва таъминоти нафту газ;
- Мутахассиси раёсати ҳуқуқ;
- Мутахассиси раёсати ҳуқуқ;
- Мутахассиси шуъбаи ба ҳисобгирӣ ва ҳисоботи муҳосибавӣ;
Шаҳрвандоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок карданро доранд, ҳуҷҷатҳои зеринро ба бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорат (кӯчаи Шамсӣ-5/1) пешниҳод намоянд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (акси рангаи 3х4, ва 4х6, 4 дона); тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки агар шахс собиқаи меҳнатӣ надошта бошад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии (шакли 038УЕ);
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;
- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома оиди доғи судӣ;
- маълумотнома аз ҷои истиқомат.
Эзоҳ: талабот барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ:
– сардори раёсат – 8 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 7 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм;
– сардори шуъба – 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ;
– сармутахассис – 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ;
– мутахассиси пешбар – 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– мутахассис – таҳсилоти олӣ, олии нопурра ё миёнаи касбӣ;
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, донишҳои касбӣ, қобилият ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон, малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ, малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.
Музди меҳнати заминавӣ:
Сардори раёсат – 4629 сомонӣ, сардори шуъба – 3114 сомонӣ, сармутахассис – 2320 сомонӣ, мутахассиси пешбар – 1890 сомонӣ, мутахассис – 1554 сомонӣ муайян гардидааст.
Довталабон метавонанд барои гирифтани маълумоти иловагӣ бо телефони 235-97-68 дар тамос шаванд.
САВОЛНОМА БАРОИ ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН!













